барқияҳо
БАРҚИЯИ ШОДБОШ БА АНДҶЕЙ СЕБАСТЯН ДУД
27 май Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба Президенти интихобшудаи Ҷумҳурии Полша Андҷей Себастян Дуд барқияи табрикӣ ирсол дошт, ки дар он гуфта мешавад:
«Ҷаноби Олӣ, табрикоти самимии маро ба муносибати интихоб шудани Шумо ба мансаби олии Президенти Ҷумҳурии Полша қабул намоед.
Тоҷикистон ба муносибатҳои худ бо кишвари Шумо, ки самтҳои гуногуни ҳамкориҳои мутақобиларо фаро мегирад, баҳои баланд дода, барои густариши ҳамкориҳои босуръат ҳавасманд аст. Мо бо қатъият минбаъд низ ҳамкориҳоямонро ба хотири мақсадҳои олии сулҳ, устуворӣ ва тараққиёт таҳким мебахшем.
Бо истифода аз ин фурсати муносиб, ба Шумо, ҷаноби Президент, саломатии бардавом ва дар мақоми масъул - Президенти Ҷумҳурии Полша муваффақиятҳо ва ба мардуми дӯсти он сулҳу рифоҳат таманно дорам».
Баёни ақида (0) Санаи нашр: 29.05.2015 №: 111 Мутолиа карданд: 1323