барқияҳо
БАРҚИЯИ ШОДБОШ БА ИЛҲОМ АЛИЕВ
28 май Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба Президенти Ҷумҳурии Озарбойҷон Илҳом Алиев барқияи шодбош ирсол намуд, ки дар он омадааст:
Муҳтарам Илҳом Ҳайдарович,
Барои ман боиси қаноатмандист, ки ба Шумо табрикоти самимонаро ба муносибати солгарди ҷашни миллии Ҷумҳурии Озарбойҷон ирсол медорам.
Бо шарофати татбиқи амиқи хати машй ва рушди босуботи иқтисодӣ, имрӯз Озарбойҷон дар худ кишвари рушдёбандаро таҷассум намуда, бо қатъият ба самти пешрафт ва созандагӣ пеш меравад.
Кишварҳои моро решаҳои таърихии дӯстӣ ва эҳтироми мутақобила бо ҳам мепайванданд. Мо ба дурнамои ҳамкориҳои манфиатовари Тоҷикистону Озарбойҷон дар ҳамаи самтҳо хушбинона нигариста, омодаем, ки кӯшишҳои заруриро барои татбиқи иқтидори бузурги он равона созем. Мутмаинам, ки мо дар якҷоягӣ метавонем муносибатҳоро ба манфиати кишварҳоямон ва мардумони он инкишофи бештар бахшида, ҳадафҳоямонро амалӣ намоем.
Дар ин рӯзи тантанавӣ мехоҳам ба Шумо, муҳтарам Илҳом Ҳайдарович, саломатии бардавом, хушбахтӣ ва дар фаъолияти давлатиатон муваффақиятҳои зиёд, ба мардуми дӯсти Озарбойҷон сулҳу пешрафт таманно дорам.
Баёни ақида (0) Санаи нашр: 30.05.2015 №: 112 Мутолиа карданд: 1288