қонунҳои ҶТ
ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН Оид ба ворид намудани илова ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи буҷети давлатии
Ҷумҳурии Тоҷикистон барои соли 2015»
Моддаи 1. Ба қисми 4 моддаи 15 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 24 ноябри соли 2014 «Дар бораи Буҷети давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои соли 2015» (Ахбори Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, с. 2014, № 11, мод. 642; Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 15 апрели соли 2015, № 1203; Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 5 майи соли 2015, № 1204) пас аз калимаҳои «Қолинҳои Суғд» калимаҳои «, таҷҳизот, технология ва масолеҳи сохтмонии аз ҷониби Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди «Хуаҷиан Ғаюр Индастриал» барои сохтмони заводҳои истеҳсоли гипсокартон ва ғӯрагач (шпаклёвка) дар ноҳияи Ёвони вилояти Хатлон воридшаванда, ки номгӯй ва миқдори онҳоро Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян менамояд» илова карда шаванд.
Моддаи 2. Қонуни мазкур аз 1 январи соли 2015 мавриди амал қарор дода шавад.
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ РАҲМОН
ш. Душанбе, 2 июни соли 2015, № 1205
ҚАРОРИ
Маҷлиси намояндагони
Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон
Дар бораи қабул кардани Қонуни
Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани
илова ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар
бораи Буҷети давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон
барои соли 2015»
Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор мекунад:
Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани илова ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Буҷети давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои соли 2015» қабул карда шавад.
Раиси Маҷлиси намояндагони
Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Ш. ЗУҲУРОВ
ш. Душанбе, 27 майи соли 2015, № 90
Баёни ақида (0) Санаи нашр: 5.06.2015 №: 116 Мутолиа карданд: 1591