маориф
ДОНИШМАНД
Ӯ ҳамагӣ панҷ ё шаш сол дошт. Дар рӯ ба рӯи мактаби деҳа омада менишасту ба хонандагон бо ҳавас менигарист. Гоҳе муаллими куҳансоле, ки хонандагони синфҳои ибтидоиро дарс мегуфт, аз мактаб баромада, ба ин писараки дӯстрӯ менигаристу пас ӯро ба наздаш даъват намуда, “Канӣ, ба ман нигар”, мегуфт ва баъди ба ӯ нигаристани писарча илова менамуд: “Чашмони ту гувоҳӣ медиҳанд, ки донишмандтарин марди ин марзу бум хоҳӣ шуд”. Писарбача аз ин суханони муаллим гарчанде чизеро намефаҳмид, хурсанд ба назди модараш давида омада мегуфт: “Очаҷон, муаллими калони мактаб маро ба наздаш хонд ва баъд гуфт, ки ту донишманд мешавӣ. Оё ӯ рост мегӯяд”? “Рост мегӯяд, ҷони модар. Ба рост будани суханони ӯ ман шоҳидӣ медиҳам. Зеро қобилияти фарзандро пеш аз ҳама модар ҳис мекунад. Дар ботину рафтор ва кирдори ту сирре нуҳуфтааст, ки онро ба ғайри ман каси дигар намебинад”, мегуфт модар.
Саидамир Ҷононов дар деҳаи Қазноқи ноҳияи Рашт тавлид шудааст. Соли 1966 мактаби таҳсилоти миёнаи рақами 3-и ҳамин деҳаро бо баҳои аъло хатм намуда, дар Донишкадаи педагогии Душанбе ба номи Т. Г. Шевченко (ҳоло Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи С. Айнӣ) таҳсилро идома дод. Соли 1970 донишкадаро бо дипломи аъло ба итмом расонид ва дар Институти фалсафаи Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҳайси коромӯз - муҳаққиқ ба такмили савияи дониши касбии худ пардохт. Баъди ду соли донишандӯзӣ қобилият ва кордонии ӯро ба назар гирифта, муҳаррири калони илмӣ ва баъд мудири шуъбаи фалсафа, иқтисод ва ҳуқуқи Сарредаксияи илмии Энсиклопедияи Советии Тоҷик таъйин намуданд. Дар ин муддат рисолаи номзадиро дар риштаи фалсафа дифоъ кард. Дар Донишгоҳи миллии Тоҷикистон фаъолият намуд. Баъдтар сардори Раёсати таълими фанҳои ҷомеашиносӣ ва корҳои тарбиявии Вазорати маориф ва илм, сардори Раёсати илм ва сохторҳои иҷтимоии Вазорати рушди иқтисод ва савдои ҷумҳурӣ низ буд. Солҳои 2009 – 2011 муовини ректори Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи Садриддин Айнӣ оид ба корҳои илмӣ таъйин гардид. Аз соли 2004 ҳамчун мудири шуъбаи сиёсати Институти фалсафаи АИ ҶТ низ фаъолият менамуд. Аз соли 2011 сарвари Донишкадаи омӯзгории Тоҷикистон дар ноҳияи Рашт мебошад.
Дар давраи роҳбарии ин марди болаёқату донишманд як факултет ва 7 кафедра бо 10 ихтисоси нав: аз қабили математика - информатика, педагогика ва методикаи таълими ибтидоӣ, химия ва биология, технология ва соҳибкорӣ, география, географияи ҳифзи табиат, баҳисобгирии бухгалтерӣ, таҳлил ва аудит (дар соҳаи маориф), менеҷменти иҷтимоӣ (дар соҳаи маориф), низоми иттилоот ва рӯзноманигорӣ ифтитоҳ гардиданд. Дар давоми ин солҳо то ба Донишкадаи омӯзгории Тоҷикистон дар ноҳияи Рашт табдил ёфтани филиали донишкада корҳои зиёде аз ҷиҳати таҳкими заминаи моддию техникӣ, таълимиву методӣ ва кадрӣ, таъсиси сохтору зерсохторҳои нав ба сомон расонида шуд.
Ҳоло он дорои 4 факултет, 13 кафедра мебошад. Аз ҷумла, дар донишкада кафедраҳои иқтисод, таърих ва ҳуқуқ, математика - физика, забони англисӣ, математика ва методикаи таълими он, забони тоҷикӣ, адабиёти тоҷик, забони русӣ, ҷомеашиносӣ, педагогика - психология, таърихи халқи тоҷик ва технология ва информатика вуҷуд дорад, ки донишҷӯёни ин даргоҳ бо 15 ихтисос онро хатм менамоянд. Дар таълимгоҳ 174 нафар кормандон фаъолият доранд, ки аз ин ҷумла 100 нафари онҳо омӯзгорон буда, 10 нафарашон докторони илм, 23 нафарашон номзадҳои илм, дотсент, 31 нафарашон муаллими калон ва боқимонда ассистентҳо мебошанд, ки ба таълиму тарбияи муҳассилин машғуланд. Алвақт шумораи умумии донишҷӯён 2245 нафарро ташкил медиҳад ва аз ин 858 нафари онҳо дар шуъбаҳои рӯзона ба таҳсил фаро гирифта шудаанд. То имрӯз 1500 нафар донишҷӯ онро хатм намудаву ба таълиму тарбияи хонандагон машғуланд.
Профессор Саидамир Ҷононов, ба замми тадрису роҳбарӣ ҳамеша савияи дониши худро дар риштаи фанҳои дақиқ, аз ҷумла, риёзиёту табииёт такмил медиҳад ва риёзидони хуб ҳам ҳаст.
С. Ҷононов муаллифи 5 китоб, 130 мақолаи илмӣ ва илмиву оммавӣ, ҳаммуаллифи 15 китоб, муҳаррири масъул ва тарҷумони 12 китобҳои илмию дарсӣ ва илмию методӣ мебошад. Дар таълифоти худ масъалаҳои муносибатҳои миллӣ, ташаккули шуури худшиносии миллӣ, демократикунонии ҷомеа ва таҳкими истиқлолияти давлатии ҷомеаи тоҷик дар шароити муосирро мавриди омӯзиш ва таҳқиқ қарор додааст. Хизматҳои ин марди мумтоз бо унвони Корманди шоистаи Ҷумҳурии Тоҷикистон, нишони “Аълочии маорифи Ҷумҳурии Тоҷикистон”, “Аълочии фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон”, медали тиллоии Институти байналмилалии тарҷумаҳолии ИМА” сарфароз гардонида шудааст.
Ҳалимҷон ҲУСЕЙНОВ,
«Ҷумҳурият»
Баёни ақида (0) Санаи нашр: 6.06.2015 №: 117 Мутолиа карданд: 2278