мулоқотҳо
МУЛОҚОТИ ЭМОМАЛӢ РАҲМОН БО СЕРГЕЙ ШОЙГУ
4 июн Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон вазири мудофиаи Федератсияи Русия Сергей Шойгуро ба ҳузур пазируфт.
Дар мулоқот масоили ҳамкории ҳарбӣ ва ҳарбию техникии Тоҷикистону Русия дар асоси санадҳои дуҷониба ва ҳам бисёрҷониба баррасӣ шуд.
Таваҷҷуҳи бештар ба авзои кунунии минтақа, хусусан шиддати вазъият дар шимоли Афғонистон ва масоили вобаста ба пурзӯр намудани ҳифзи сарҳади давлатии Тоҷикистон бо ин кишвари ҳамсоя зоҳир гардид.
Дар ин робита доир ба навсозии техникии Қувваҳои Мусаллаҳи Тоҷикистон, ки яке аз тасмимҳои муҳими дуҷонибаи Тоҷикистону Русия дар соҳаи ҳамкории мудофиавӣ мебошад, гуфтугӯйи судманд сурат гирифт.
Таъкид гардид, ки ҳамгироии ҳамоҳангшудаи сохторҳои қудратию низомии Тоҷикистон бо Пойгоҳи ҳарбии 201 - и Федератсияи Русия бояд тақвият ёбад.
Ҳамчунин доир ба омодасозии кадрҳои баландихтисоси низомии Тоҷикистон дар муассисаҳои таҳсилоти олии ҳарбии Русия ва дигар масоили мавриди таваҷҷуҳ табодули назар карда шуд.
Баёни ақида (0) Санаи нашр: 6.06.2015 №: 117 Мутолиа карданд: 1314