мулоқотҳо
МУЛОҚОТ БО ВАЗИРИ КИШВАРИ ҶУМҲУРИИ ИСЛОМИИ ЭРОН
Рӯзи 5 – уми июн Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон вазири кишвари Ҷумҳурии Исломии Эрон Абдуризо Раҳмонии Фазлиро, ки ҳамчун намояндаи кишвари нозир дар Созмони ҳамкории Шанхай барои иштирок дар ҳамоиши навбатии Шӯрои вазирони корҳои дохилӣ ва амнияти ҷамъиятии давлатҳои аъзои ин созмон ба Тоҷикистон ташриф овардааст, ба ҳузур пазируфт.
Дар нишаст аз рушди ҳам-кории Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Вазорати кишвари Ҷумҳурии Исломии Эрон, ки тайи даҳ соли охир мунтазам густариш ёфта, алҳол дар оғози марҳилаи сифатан наву баландтар қарор дорад, изҳори қаноат карда шуд.
Сарвари давлати Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ҳамчунин аз заминаи қарордодию ҳуқуқии ҳамкорӣ дар соҳаи муборизаи муштарак бо ҷинояткорӣ ибрози ризоият намуда, ҳамзамон таъкид дошт, ки ҷиҳати татбиқи амалии санадҳои имзошуда ҷаҳди бештар бояд кард.
Таваҷҷуҳи зиёд ҳамчунин ба рушди ҳамкории сеҷонибаи Тоҷикистону Эрону Афғонистон дар соҳаи мубориза бо терроризму ифротгароӣ ва назорати маводи мухаддир зоҳир гардид.
Баёни ақида (0) Санаи нашр: 9.06.2015 №: 118 Мутолиа карданд: 1237