мулоқотҳо
МУЛОҚОТҲО ДАР САТҲИ ОЛӢ
Нимаи дуюми рӯзи 8 июн Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон котиби иҷроияи Комиссияи иқтисодӣ ва иҷтимоии Созмони Милали Муттаҳид барои кишварҳои Осиё ва ҳавзаи уқёнуси Ором хонум Шамшод Ахтарро ба ҳузур пазируфт.
Дар вохӯрӣ масоили ҳамкории иқтисодию иҷтимоии Тоҷикистону СММ баррасӣ шуданд.
Сарвари давлат аз номи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Комиссияи иқтисодӣ ва иҷтимоии СММ барои кишварҳои Осиё ва ҳавзаи уқёнуси Ором (ЭСКАТО) барои татбиқи лоиҳаҳои иқтисодӣ ва иҷтимоӣ дар кишвари мо арзи сипос намуд.
Бо қаноатмандӣ зикр гардид, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон раисии ин комиссияро дар соли 2015 бар уҳда дорад ва чорабиниҳои солонаи онро дар сатҳи баланд амалӣ менамояд.
Атрофи рӯзномаи Конфронси Душанбе роҷеъ ба иҷрои тадбирҳои Даҳсолаи байналмилалии амалиёти “Об барои ҳаёт” дар солҳои 2005 - 2015” табодули назар карда, ба нақши Тоҷикистон чун кишвари ташаббускор дар арсаи ҷаҳонӣ баҳои баланд дода шуд.
Таъкид гардид, ки Комиссияи иқтисодӣ ва иҷтимоии Созмони Милали Муттаҳид барои кишварҳои Осиё ва ҳавзаи уқёнуси Ором минбаъд ҳам аз пешрафти Тоҷикистон, аз ҷумла дар самти таъмини дастрасӣ ба неруи устувор, рушди кишоварзӣ ва манотиқи деҳот, таъсиси ҷойҳои нави корӣ ва барои расидан ба ҳадафҳои рушди устувор дастгирӣ хоҳад кард.
8 июн Эмомалӣ Раҳмон, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Сарвазири Ҷумҳурии Қирғизистон Темир Сариевро, ки бо сафари расмӣ ва ҳам барои иштирок дар Конфронси байналмилалии сатҳи баланд вобаста ба Даҳсолаи байналмилалии амалиёти “Об барои ҳаёт” ташриф овардааст, ба ҳузур пазируфт.
Дар мулоқот масоили вобаста ба муносиботи дӯстию ҳамсоягӣ ва ҳамкории гуногунҷанбаи ду кишвар баррасӣ ёфтанд.
Изҳори бовар карда шуд, ки сафари расмии Сарвазири Қирғизистон ба Тоҷикистон дар рушди ҳамкории дуҷониба ва бартарафсозии мушкилоти мавҷуда мусоидат мекунад.
Зикр гардид, ки гардиши мол миёни Тоҷикистону Қирғизистон дар се моҳи соли 2015 нисбат ба ҳамин давраи соли 2014 4,3 баробар афзудааст ва ин гувоҳӣ аз анҷоми тамоюли камшавии босуръати ҳаҷми тиҷорати дуҷониба, ки дар соли 2014 нисбат ба соли 2013 ба назар мерасид, номида шуд. Хотиррасон гардид, ки соли 2014 ҳаҷми гардиши мол миёни Тоҷикистону Қирғизистон нисбат ба соли 2013 3,5 баробар коҳиш ёфта буд.
Барои боз ҳам афзун гардидани нишондодҳои тиҷоратӣ ва боло бурдани иқтидори транзитии ду кишвари ҳамсоя, аз ҷумла додани мақоми байналмилалӣ ба гузаргоҳи сарҳадии Қарамиқ зарур дониста шуд.
Таъкид гардид, ки корҳо барои муайянсозӣ ва аломатгузории қитъаҳои баҳсноки сарҳади давлатии миёни Тоҷикистону Қирғизистон бояд бо назардошти манфиатҳои ҳар ду ҷониб бомаром идома дода шаванд.
Гуфтугӯйи судманд ҳамчунин доир ба ҳамгироии минтақавии Тоҷикистону Қирғизистон оид ба масоили вобаста ба истифодаи босамари захираҳои обию энергетикӣ ва ҳифзи муштараки манфиатҳои ба ҳам наздики ду кишвар ва роҷеъ ба дигар мавзӯъҳои мавриди таваҷҷуҳ сурат гирифт.
Субҳи 9 июн Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон роҳбари Барномаи рушди Созмони Милали Муттаҳид хонум Ҳелен Кларкро ба ҳузур пазируфт.
Дар мулоқот масъалаи вобаста ба ҳамкории пурсамари Тоҷикистон бо ин ниҳоди басо муҳими Созмони Милали Муттаҳид баррасӣ шуд.
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон, пеш аз ҳама, аз номи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Барномаи рушди Созмони Милали Муттаҳид ва дафтари он дар Тоҷикистон барои татбиқи лоиҳаҳои иқтисодӣ, иҷтимоӣ ва башардӯстона самимона миннатдорӣ изҳор кард.
Хонум Ҳелен Кларк Тоҷикистонро яке аз кишварҳои пешсаф ва ташаббускор дар ҳамгироӣ бо Созмони Милали Муттаҳид барои татбиқи босамари Ҳадафҳои Рушди Ҳазорсола, пеш аз ҳама дар масоили дастрасӣ ба оби тоза, неруи барқ ва ҳам барои таъмини рушди устувор номида, ба роҳбарияти кишвар барои ибтикорҳои созанда арзи қадрдонӣ намуд.
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон таъкид дошт, ки Тоҷикистон аз пуштибониҳои ташаббуси Дабири кулли Созмони Милал оид ба «Энергияи устувор барои ҳама» мебошад ва аз он, ки Тоҷикистон яке аз панҷ кишвари таҷрибавӣ (пилотӣ) дар татбиқи ин ҳадаф интихоб шудааст, изҳори қаноат намуд. Ҳамчунин ҷонибдории Тоҷикистон аз қатъномаи Маҷмаи умумии СММ оид ба эълон намудани солҳои 2014 - 2024 ҳамчун даҳсолаи “Энергияи устувор барои ҳама” бори дигар таъйид шуд.
Ҳар ду ҷониб ба татбиқи Нақшаи амалиёти кишварии Барномаи рушди СММ барои солҳои 2010 - 2015 баҳои баланд дода, изҳори бовар намуданд, ки ин нақша барои панҷсолаи нави 2016 - 2020 ҳам қабул ва босамар татбиқ мегардад.
Гуфтугӯйи судманд ҳамчунин доир ба мавзӯъҳои Конфронси байналмилалии сатҳи баланд доир ба ҷамъбасти раванди иҷрои тадбирҳои Даҳсолаи байналмилалии амалиёти «Об барои ҳаёт» барои солҳои 2005 - 2015, ки дар шаҳри Душанбе ба кори худ оғоз намуд, сурат гирифт.
Баёни ақида (0) Санаи нашр: 10.06.2015 №: 119 Мутолиа карданд: 1332