мулоқотҳо
МУЛОҚОТИ ЭМОМАЛӢ РАҲМОН БО ПАН ГИ МУН
9 июн Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар ҳошияи Конфронси байналмилалии сатҳи баланд доир ба ҷамъбасти раванди иҷрои тадбирҳои Даҳсолаи байналмилалии амалиёти «Об барои ҳаёт» дар солҳои 2005 - 2015 бо Дабири кулли Созмони Милали Муттаҳид Пан Ги Мун мулоқот намуд.
Дар вохӯрӣ масъалаҳои вобаста ба ҳамкории бисёрпаҳлуи Тоҷикистону Созмони Милали Муттаҳид баррасӣ шуданд.
Аз ҳамкории Тоҷикистон бо 23 ниҳоди Созмони Милали Муттаҳид, аз ҷумла дар соҳаҳои ислоҳоти идораи давлатӣ, маориф, тандурустӣ, ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ, кишоварзӣ, бартарафсозии оқибати офатҳои табиӣ ва обрасонӣ изҳори қаноатмандӣ карда шуд. Инчунин зикр гардид, ки давоми солҳои 2010 - 2014 дар ҳамкорӣ бо ин ниҳодҳо ба маблағи умумии 346 миллион доллари амрикоӣ тақрибан 100 лоиҳа дар Тоҷикистон амалӣ шудааст.
Дабири кулли Созмони Милали Муттаҳид Пан Ги Мун бори дигар ба ташаббусҳои ҷаҳонии Тоҷикистон дар соҳаи об баҳои баланд дода, ҳамзамон барои дар сатҳи баланд ва бо мудирияти мусоид ба роҳ мондани конфронси имрӯзаи байналмилалӣ ба Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон арзи сипосу қадрдонӣ намуд.
Аз Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон даъват шуд, ки ба ҳайси роҳбари давлати ташаббускор дар ҳаллу фасли мушкилоти ҷаҳонии вобаста ба об, энергетика, гармшавии иқлим ва таъмини рушди устувор, ба тариқи истифодаи васеъ аз иқтисоди сабз, имсол дар иҷлосияи навбатии Маҷмаи умумии Созмони Милали Муттаҳид дар шаҳри Ню-Йорк иштирок намояд.
Ҳар ду ҷониб бо назардошти таҷрибаи ғании ҳамкорӣ ва натиҷаҳои судманди ҳосилшуда, омодагии устувори худро ба густариши робитаҳои самарабахш дар оянда таъкид доштанд.
Баёни ақида (0) Санаи нашр: 10.06.2015 №: 119 Мутолиа карданд: 1122