порлумон
ИТТИҲОДИЯҲОИ ҶАМЪИЯТӢ. ШАФФОФИЯТИ МАБЛАҒГУЗОРӢ ТАЪМИН МЕГАРДАД
Дар ҷаласаи навбатии Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии ҷумҳурӣ, ки таҳти раёсати Шукурҷон Зуҳуров, Раиси Маҷлиси намояндагон, баргузор гардид, лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ» ба тасвиб расид.
Шоҳмурод Рустам, вазири адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, иброз дошт, ки лоиҳаи қонун ба мақсади ҷорӣ намудани механизми шаффофи маблағгузории фаъолияти иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ ва назорати онҳо таҳия шудааст.
Мавсуф зикр кард, ки дар ҷумҳурӣ низоми дақиқи баҳисобгирӣ ва назорати сарфаи маблағҳои бебозгашт, ки ба иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ аз хориҷ ва дохили кишвар пешниҳод мегарданд, мавҷуд нест. Ин дар навбати худ хатарҳои муайянеро, аз қабили маблағгузории терроризм, қонеъгардонии даромадҳои бо роҳи ҷиноят бадастовардашуда, мудохила ба масъалаҳои дохилӣ ва ҳаёти сиёсии давлат, ба бор меорад. Муқаррар намудани чорчӯбаи ҳуқуқии ба танзим овардани тартиби маблағгузории ташкилотҳои ғайритиҷоратӣ дар тавсияҳои гурӯҳи татбиқи чораҳои молиявии муқовимат ба шустани пул - факт дарҷ гардидаанд. Тибқи лоиҳа пардохтҳои ихтиёрӣ, хайрияҳо, грантҳо, молу мулке, ки аз тарафи давлатҳои хориҷӣ, шахсони ҳуқуқии хориҷӣ, шахсони ҳуқуқие, ки бо иштироки субъектҳои хориҷӣ таъсис ёфтаанд, ташкилотҳои байналмилалӣ бевосита ва ё аз ҷониби онҳо ба воситаи дигар шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ ба иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ ворид шудаанд, аз тарафи мақомоти бақайдгиранда дар феҳрасти махсуси башардӯстона сабт мешаванд.
Назар ба гуфтаи ӯ, ба иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ зарур мегардад, ки қабл аз татбиқи барномаҳои аз ҷониби субъектҳои мазкур маблағгузоришаванда мақоми бақайд-гирандаро оид ба манбаи маблағгузории хориҷӣ огоҳ намоянд. Тартиби пешбурди феҳрасти махсуси ёрии башардӯстонаро Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян менамояд. Масъалаи дигаре, ки бо қабули қонуни мазкур ҳалли худро меёбад, ин муайян намудани тартиби санҷиши фаъолияти оинномавии иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ мебошад.
Зикр гардид, ки теъдоди иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ ба 2602 мерасад ва маблағҳои дастраскардаи онҳо дар соли 2014 –ум 4,5 миллиард сомонӣ мебошад. Вазири адлия иброз дошт, ки ба ин рақам шубҳа дорад, зеро баъзе маблағҳо дубора ҳисоб шудаанд. Аксари маблағҳое, ки иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ дар манотиқи кӯҳистон сарф кардаанд, ба Хазинаи Оғохон мансубанд. Шукурҷон Зуҳуров таъкид ба он дошт, ки аксари иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ ба корҳои хайриявӣ ва рушди ҷомеа машғуланду ба камбизоатон ёрӣ мерасонанд. Набояд ба кори онҳо халал ворид шавад. Мақсади асосӣ ҳисоби маблағҳои воридшаванда ва сарфшаванда мебошад.
Мунаввари САФАР, «Ҷумҳурият»
Баёни ақида (0) Санаи нашр: 12.06.2015 №: 121 Мутолиа карданд: 3092