барқияҳо
БАРҚИЯИ ШОДБОШ БА ВЛАДИМИР ПУТИН
12 июн Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба Президенти Федератсияи Русия Владимир Путин барқияи шодбош ирсол намуд, ки дар он, аз ҷумла омадааст:
«Муҳтарам Владимир Владимирович,
Солгарди иди миллии Федератсияи Русия - рӯзи қабули Декларатсия дар бораи истиқлолияти давлатӣ ба ман имконияти хуб медиҳад, ки Шумо ва тамоми халқи дӯсти русро бо ин рӯйдоди муҳим табрик намоям.
Русия барои Тоҷикистон шарики стратегии ҳақиқӣ аст, ки дар муносиботи сиёсати хориҷии стратегии мо ҳамеша мақоми аввалро касб мекунад.
Мо ба ҳолати муносиботи бисёрҷанбаи Тоҷикистону Русия, ки рушди бемайлони он ба робитаҳои самимӣ ва мунтазами сиёсӣ дар сатҳи олӣ мусоидат мекунанд, баҳои баланд медиҳем.
Ҳамкориҳои самарабахши мо дар доираи ИДМ, СААД, СҲШ, СММ ва дигар иттиҳодияҳои байналмилаливу минтақавӣ боз як намунаи шарики созандаи Тоҷикистону Русия мебошанд.
Мо муътақид бар онем, ки кишварҳои мо метавонанд муносиботи худро бо ҳамкориҳои мустаҳкам, ки ҷавобгӯй ба манфиатҳои аслии ду давлат ва халқҳоянд, бо майлҳои мусбат пурратар созанд ва онҳоро ба дараҷаи нави босифат, ки мутобиқ ба иқтидори ғании мост, бароранд. Мо бо ҷасорати қатъӣ барои ин кор тамоми кӯшишҳои лозимиро равона месозем.
Бо истифода аз фурсат, аз самими қалб ба Шумо, муҳтарам Владимир Владимирович, саломатии бардавом, хушбахтӣ ва комёбиҳоро барои ноил гардидан ба мақсадҳои оянда ҷиҳати шукуфоии Русияи Бузург, ба халқи бародари рус беҳбудӣ ва пешрафти минбаъдаро таманно дорам».
Баёни ақида (0) Санаи нашр: 13.06.2015 №: 122 Мутолиа карданд: 1480