барқияҳо
БАРҚИЯИ ТАСАЛЛИЯТ БА ПРЕЗИДЕНТИ ГУРҶИСТОН ГЕОРГИЙ МАРГВЕЛАШВИЛИ
15 июн Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба Президенти Гурҷистон Георгий Маргвелашвили барқияи тасаллият ирсол намуд, ки дар он омадааст:
«Ҷаноби Аълоҳазрат,
Дар Тоҷикистон хабари обхезӣ бар асари борони шадиди сел дар Тбилисиро, ки боиси ҳалокати одамон гардид ва ба пойтахт зарари зиёди моддӣ расонидааст, бо андуҳи гарон дарёфтанд.
Аз Шумо, ҷаноби Президент, хоҳиш мекунам, тасаллияти қалбӣ ва ҳисси ҳамдардии моро ба хешовандон ва пайвандони ҳалокшудагон расонед».
Баёни ақида (0) Санаи нашр: 16.06.2015 №: 123 Мутолиа карданд: 1339