маориф
КОНСПЕКТ ЗАРУР АСТ
Ҷавоб ба номаи омӯзгор Ҳ.Файзуллоев «Замони коғазбозӣ нест» («Ҷумҳурият», 6.01.2015, гӯшаи «Розу ниёз»)
Конспект яке аз маводи асосии таълимӣ барои омӯзгор дар ташкили дарс ба ҳисоб меравад. Бе конспект дарси омӯзгор натиҷаи зарурӣ ва дилхоҳро дода наметавонад. Нақшаи тақвимӣ дар асоси барномаи таълимие, ки аз тарафи Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод мешавад, тартиб дода шуда, конспекти дарс бо истифода аз адабиёти зарурӣ ва китоби дарсӣ аз тарафи омӯзгор навишта мешавад.
Дарси хуб аз омӯзгор маҳорати баланди касбиро талаб мекунад. Истифодаи усулҳои нави таълим раванди дарсро пурмазмун ва шавқовар мегардонад.
Бояд қайд кард, ки ҳар як мавзӯи китоби дарсӣ барои истифодаи усули муайян мувофиқ гардонида шудааст, танҳо омӯзгори фаъол метавонад онро моҳирона дар ҷараёни таълим мувофиқ ба мақсади дарс истифода намояд. Дар чунин ҳолат низ конспекти омӯзгор муҳим аст, ки мавзӯи муайяни дарсро бо усули мувофиқ ва дастрас барои хонанда барои худ қайди махсус карда бошад.
Барои омодагӣ ба дарс омӯзгор новобаста аз собиқаи корӣ, дараҷаи тахассусӣ (категорияи умумӣ, дуюм, якум ва олӣ) бояд ҳатман конспекти дарсӣ дошта бошад. Конспекти дарсӣ аз як тараф омодагии омӯзгорро ба дарси навбатӣ муайян намояд, аз тарафи дигар омӯзгор тавассути тақсимбандии лаҳзаҳои дарсӣ дар конспекти корӣ дарсро бо низом ва мураттаб мегузаронад. Омӯзгори имрӯза бояд шаклҳои муосири конспекти дарсиро истифода намояд. Яке аз шаклҳои муосир ва дар таҷрибаи давлатҳои байналмилалӣ истифодашаванда таҳияи модули таълимӣ аст, ки модули таълимӣ барои солҳои муайян (муҳлати истифода 3 ё 5 сол) дар асоси барнома, нақшаи тақвимӣ, китоби дарсӣ ва маводи иловагӣ таҳия шуда, тамоми лаҳзаҳои дарс ба фаъолияти муайян ва вақти зарурии ҷудошуда барои иҷрои ҳар як намуди фаъолият ба нақша гирифта шудааст. Инчунин дар модули таълимӣ маводи иловагӣ, мақсади гузошташуда, натиҷаҳо, методу шаклҳои гуногуни таълимӣ, шакли корҳои мустақилона, корҳои ҷуфтӣ, корҳои гурӯҳӣ, арзёбии натиҷаи донишҳо ва дигар муносибатҳои ҷараёни таълимӣ инъикос ёфтааст. Омӯзгорро зарур аст, баробари ҷомеа қадам зада, доимо дар омӯзиш, ҷустуҷӯ ва коркарди шаклҳои муосири таълим, мувофиқ ба талаботи хонандаи рӯз бошад, то хонанда тавонад аз омӯзгор дониши заруриро гирифта, дар ташаккули ҷаҳонбинӣ ва дарки маводи таълимӣ фаъол бошад. Фаъолии хонанда аз омӯзгори ба дарс ҳамарӯза омода вобастагӣ дорад. Омодагии омӯзгор ба дарс аз конспекти дарсии ӯ бармеояд.
Ҳамчунин, метавонанд дар муассисаҳои таълимие, ки имконияти истифодаи технологияи муосир (тахтаи электронӣ, компютер, проэктор)-ро доранд, шакли электронии план – конспектро ба роҳ монанд ва муассисаҳои таълимие, ки имконияти маҳдуди техникӣ доранд, шакли хаттӣ ва ҳатмии план-конспекти дарсро дар шакли муосир ба муҳлати муайян истифода намоянд.
Эҳсони ХУШБАХТ,
корманди Вазорати
маориф ва илми ҷумҳурӣ
Баёни ақида (0) Санаи нашр: 18.06.2015 №: 125 Мутолиа карданд: 2802