фармонҳои президент
ФАРМОНИ ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
Дар бораи аъзои Раёсати Бонки миллии Тоҷикистон
Мутобиқи моддаи 69 Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон ва моддаи 74 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Бонки миллии Тоҷикистон» фармон медиҳам:
Нуралиев Ҷамолиддин Камолович - муовини якуми раиси Бонки миллии Тоҷикистон, Икромов Сироҷидин Саломович ва Салимова Лола Ҷумаевна - муовинони раиси Бонки миллии Тоҷикистон аъзои Раёсати Бонки миллии Тоҷикистон тасдиқ карда шаванд.
Президенти
Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ РАҲМОН
ш. Душанбе, 16 июни соли 2015, № 502
Баёни ақида (0) Санаи нашр: 18.06.2015 №: 125 Мутолиа карданд: 1455