қонунҳои ҶТ
ҚОНУНИ Ҷумҳурии Тоҷикистон Оид ба ворид намудани илова ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи буҷети давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои соли 2015»
Моддаи 1. Ба моддаи 15 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 24 ноябри соли 2014 «Дар бораи Буҷети давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои соли 2015» (Ахбори Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, с.2014, № 11, мод.642; Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 15 апрели соли 2015, № 1203; Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 5 майи соли 2015, № 1204; Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 2 июни соли 2015, № 1205) қисми 10 бо мазмуни зайл илова карда шавад:
«10. Воридоти қубурҳои пластикӣ, насосҳои обкашӣ, таҷҳизоти барқӣ, зеристгоҳи барқӣ, қисмҳои эҳтиётии насосҳои обкашӣ, таҷҳизоти барқӣ ва зеристгоҳи барқӣ аз ҷониби Ширкати муштараки Хитой – Тоҷикистон «Ҷунтай-Хатлон Синсилу» ва Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди «Иттиҳоди Аграрии «Водии Заррин» аз андоз аз арзиши иловашуда ва боҷи гумрукӣ озод карда мешавад.
Номгӯй ва миқдори қубурҳои пластикӣ, насосҳои обкашӣ, таҷҳизоти барқӣ, зеристгоҳи барқӣ, қисмҳои эҳтиётии насосҳои обкашӣ, таҷҳизоти барқӣ ва зеристгоҳи барқиро Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян менамояд.».
Моддаи 2. Қонуни мазкур пас аз интишори расмӣ мавриди амал қарор дода шавад.
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ РАҲМОН
ш. Душанбе, 17 июни соли 2015, № 1206
Қарори Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон
Дар бораи қабул кардани Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани илова ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Буҷети давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои соли 2015»
Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор мекунад:
Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани илова ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Буҷети давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои соли 2015» қабул карда шавад.
Раиси Маҷлиси намояндагони
Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Ш. ЗУҲУРОВ
ш. Душанбе, 10 июни соли 2015. № 99
Баёни ақида (0) Санаи нашр: 20.06.2015 №: 127 Мутолиа карданд: 1689