мулоқотҳо
МУЛОҚОТИ ЭМОМАЛӢ РАҲМОН БО ДОНИШҶӮЁН
26 июн Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар Донишгоҳи аграрии Тоҷикистон ба муносибати 18-солагии Рӯзи Ваҳдати миллӣ бо донишҷӯёни муассисаҳои таҳсилоти олии кишвар мулоқот намуда, доир ба арзишҳои волои сулҳу оромӣ ва рушди босуботи Тоҷикистон сухан ронд.
Дар оғоз Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон мардуми шарифи Тоҷикистон ва ҳамаи ҳамватанони бурунмарзиро ба ифтихори Рӯзи Ваҳдати миллӣ самимона табрик гуфта, таъкид дошт, ки “барои расидан ба ин рӯзи саид мардуми тоҷик аз имтиҳони бисёр сахту сангини таърих гузашта, ба шарофати хиради азалии худ ба мухолифати мусаллаҳона ва ҷанги таҳмилии шаҳрвандӣ хотима бахшид ва ба аҳли башар исбот намуд, ки метавонад таҳти парчами ваҳдату ҳамдигарфаҳмӣ сарҷамъ гардида, дар фазои сулҳу субот умр ба сар барад ва сарзамини аҷдодии хешро бо азму талоши ватандӯстона ободу зебо гардонад”.
Баёни ақида (0) Санаи нашр: 27.06.2015 №: 132 Мутолиа карданд: 1406