logo

маориф

СУҒД. ЧАРО ҶАВОНОН МУАЛЛИМ БУДАН НАМЕХОҲАНД?

 
(На ҳама хатмкардагони  тахассуси омӯзгорӣ ба ҷои кор ҳозир мешаванд)

Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров 4 нафар хатмкардагони тахассуси омӯзгорӣ - Саъдулло Ғайбуллоев, Пӯлод Сиддиқов, Акобир Додоҷонов ва Абдушукур Устобоевро ба суд дод. Онҳо бояд мувофиқи рӯйхати тақсимоти хатмкардагони гурӯҳи буҷетӣ ва роҳхати Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон ба мактаби муайяншуда ба кор мерафтанд. Аммо ин ҷавонон аз фаъолияти омӯзгорӣ саркашӣ кардаанд. Судҳои ноҳияи Айнӣ ва шаҳри Хуҷанд бо қарори худ онҳоро водор сохтанд, ки маблағи умумии 32 ҳазору 288 сомониро, ки давлат барои таълимашон сарф кардааст, бозгардонанд.
Боиси нигаронист, ки чунин амали номатлуб аз ҷониби мутахассисони ҷавони ин соҳаи муҳими иҷтимоӣ солҳои охир зиёд ба чашм мерасад. Бино ба иттилои Аҳмадҷон Солеҳҷонов, мудири шуъбаи кадрҳо ва корҳои махсуси Раёсати маорифи вилояти Суғд, соли 2014 зиёда аз 40 нафар мутахассис аз фаъолияти омӯзгорӣ сар печиданд. Ин дар ҳолест, ки феълан мактабҳои таҳсилоти миёнаи умумии вилоят ба 900 омӯзгор ниёз доранд.
Чунин амал ва ё тасмими мутахассисони ҷавонро чӣ гуна метавон арзёбӣ кард?
Коршиносон вобаста ба омилҳои асосии ин раванд андешаҳои гуногун доранд:
- Дар фаъолияти корӣ ҳаҷми музди меҳнат ва таъмини имтиёзҳои иҷтимоӣ нақши калидӣ дорад, - мегӯяд Юсуфҷон Ҷумъабоев, раиси кумитаи иттифоқи касабаи кормандони соҳаи маорифи вилояти Суғд. – Албатта, дар даҳ соли охир бо ғамхории Ҳукумат ва давлати Тоҷикистон вазъи соҳаи маориф хеле беҳтар шуд. Аз ҷумла, соли равон, дар моҳи сентябр то 20 дарсад маош баланд бардошта мешавад. Имрӯз омӯзгор бо тахассуси олии педагогӣ то 800 сомонӣ маош мегирад ва ин раванд ҳамасола тамоили афзуншавӣ дорад.
Ба омӯзгорони ҷавон мутобиқи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи маориф» ҳар сол таваҷҷуҳ зоҳир мегардад. Масалан, соли 2014 ба 93 нафар омӯзгорони ҷавон қитъаи замини наздиҳавлигӣ ҷудо ва ба 30 нафар ба маблағи 180 ҳазор сомонӣ қарзҳои имтиёзноки бонкӣ пешниҳод шудаанд. Соли равон ҳам 35 нафар соҳиби қитъаи замин ва 43 нафар аз қарзи имтиёзноки бонкӣ бархӯрдор гаштанд. Фикр мекунам, тарғиби ин касби пурифтихорро бештару беҳтар намудан зарур аст. То ҷавонону наврасон дар симои муаллим чун солҳои пеш идеали худро дида тавонанд
- Соли равон 17 нафар омӯзгорони ҷавон қитъаи замини наздиҳавлигӣ ва 6 нафар қарзи бонкиро ноил шуданд,- мегӯяд Муяссар Ҳайдаров, мудири шуъбаи маорифи шаҳри Қайроққум,- баъдан дар масъалаи ҳозиршавии мутахассисони ҷавон дар ҷои кор тарғибу корҳои фаҳмондадиҳии муассиртар бо фарогири дарки моҳияти масъала зарур аст.
- Омӯзгорони собиқадор Баҳринисо Усмонова ва Ҳоҷалой Комбоева иллати дилгарм набудани мутахассисони ҷавонро ба фаъолияти муаллимӣ дар басанда набудани тарғибу ташвиқ дар шуъбаҳои маориф медонанд.
- Аз имтиёзҳо на ҳамаи омӯзгорони ҷавон огоҳанд,- мегӯянд онҳо - Фақат дар се соли охир дар вилоят 139 иншооти соҳаи маориф, аз ҷумла 31 мактаби нави замонавии ҷавобгӯй ба талаботи замон, 663 синфхонаҳои нав барои 17 ҳазору 761 ҷой бунёд ёфтанд, ки ин рақамҳо худ аз таваҷҷуҳи пайвастаи давлат гувоҳӣ медиҳанд.
Кор дар мактабҳои муҷаҳҳаз бо воситаҳои аёнӣ, синфхонаҳои озода ба омӯзгорон ҳаловат мебахшад. Танҳо ҷавононро ба касб дилгарм карда тавонистан лозим аст.

Ҷовиди АШТӢ, «Ҷумҳурият»


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 4.07.2015    №: 136    Мутолиа карданд: 1485
31.01.2023


ДАВЛАТАЛӢ САИД ДАР ШАҲРИ КӮЛОБ

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ВАО: “Теъдоди қурбониёни ҳамлаи террористи маргталаб дар Пешовар ба 72 нафар расид”

Ҷаҳон дар як сатр

ТАҶЛИЛИ БОШУКӮҲИ САДА ДАР ХАТЛОН

НАМОЯНДАИ ШИРКАТИ CNPC ДАР ХАТЛОН

ХАТЛОН. БАРДОШТИ ИХТИСОСӢ АЗ ҶАЛАСАИ НАЗОРАТӢ

СОЗМОНИ ҲАМКОРИИ ИҚТИСОДӢ. ТОҶИКИСТОН ДАР ТАҲКИМИ ФАЪОЛИЯТИ СОЗМОН НАҚШИ МУАССИР ДОРАД

27.01.2023


БМТ. ПАЁМ САРМАШҚИ ФАЪОЛИЯТ ХОҲАД БУД

25.01.2023


Вохӯрии вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТАЪСИСИ АВВАЛИН МАРКАЗИ ҒИЗОИ МАКТАБӢ

МУЛОҚОТ БО САФИРИ ҚАЗОҚИСТОН

23.01.2023


Ҷаҳон дар як сатр

14 май дар Туркия интихоботи президентӣ баргузор мешавад

«САЪБА»

17.01.2023


САМАРАНОКИИ ФАЪОЛИЯТ ВА ШАФФОФИЯТ

Мулоқоти Имангали Тасмагамбетов бо Сергей Поспелов

Игор Черевченко – сармураббии “Истиқлол”

16.01.2023


БОЗИҲОИ ОЛИМПӢ-2024

13.01.2023


ШАМЪИ ХОТИРА

11.01.2023


Муроҷиатномаи Раиси шаҳри Душанбе ба сокинони пойтахт

Санаи муҳорибаи аввалини Нурулло дар UFC аниқ шуд

ХОРУҒ. ҶАЛАСАИ ҶАМЪБАСТИ ФАЪОЛИЯТИ СОЛОНА

10.01.2023


БА АЗНАВБАҚАЙДГИРИИ СИМКОРТҲО МУҲЛАТИ КАМ МОНД

ҲИСОР. ДАР АРАФАИ СОЛИ НАВ 217 СОКИНИ ШАҲР СОҲИБИ ЗАМИН ШУД

ДБССТ. ҲАМКОРИҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ВУ-СЪАТИ ТОЗА МЕГИРАНД

Пешниҳоди Александр Лукашенко

Ҷаҳон дар як сатр

ҶИУ-ҶИТСУ

Таҳкими ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТЕННИС

БОХТАР. ҒОЛИБОНИ ОЗМУНҲО ҚАДР ШУДАНД

ФАЙЗОБОД. ШАРҲУ ТАВЗЕҲИ ПАЁМ

09.01.2023


ХОРУҒ. БО ДАСТУРИ РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ ДАР МАҲАЛЛАИ ТИРЧИД КӮДАКИСТОН СОХТА МЕШАВАД

03.01.2023


«ВЗЛЁТ ПЕРЕД ЗАКАТОМ»


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед