барқияҳо
БАРҚИЯИ ШОДБОШ БА АЛЕКСАНДР ЛУКАШЕНКО
3 июл Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба Президенти Ҷумҳурии Беларус Александр Лукашенко барқияи шодбош ирсол намуд, ки дар он омадааст:
«Муҳтарам Александр Григоревич.
Бо мамнунияти бузург ба муносибати солгарди ҷашни миллии Ҷумҳурии Беларус ба Шумо ва тамоми мардуми дӯсти ин кишвар табрикоти самимӣ ва беҳтарин таманниётро ирсол медорам.
Ҷумҳурии Беларус дар миёни авлавиятҳои сиёсати хориҷии давлати мо мақоми муҳим дорад. Мехоҳам қаноатмандии амиқи худро аз раванди рушди робитаҳои мутақобилан муфиди анъанавию дӯстонаи Тоҷикистону Беларус дар ҳамаи самтҳои ҳамкорӣ махсус таъкид намоям.
Мо ба муносибот миёни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Беларус бо хушбинӣ назар намуда, барои тавсеа ва таҳкими минбаъдаи он ҷиҳати беҳбуди кишварҳо ва мардумонамон тамоми корҳоро бо бовари комил анҷом медиҳем.
Дар ин рӯзи муборак ба Шумо, муҳтарам Александр Григоревич, сиҳатмандӣ, хушбахтӣ ва комёбиҳои минбаъда, ба халқи бародари Беларус рафоҳат ва шукуфоиро таманно дорам».
Баёни ақида (0) Санаи нашр: 4.07.2015 №: 136 Мутолиа карданд: 1378