logo

маориф

КИТОБҲОИ ДАРСӢ БА ТАКМИЛ НИЁЗ ДОРАНД

Вазорати маориф ва илми кишвар тасмим гирифтааст, ки оид ба таҳияи китобҳои дарсии ҷавобгӯ ба талаботи замон бо муаллифон ва омӯзгорони мактабҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ муҳовара доир намуда, баъди омӯзиши афкори умум дар ин бахш таълифи китобҳои дарсиро ба роҳ монад. Муҳовараи нахустин дар вилояти Суғд баргузор гардид, ки он камбудиҳои ҷиддии баъзе китобҳои дарсиро дар ҳузури муаллифон мавриди баррасӣ қарор дод.
Дар нахустин  вохӯрии омӯзгорони фаъоли шаҳру ноҳияҳои вилоят бо муаллифони китобҳои дарсии «экология», «биология» ва «табиатшиносӣ», ки дар Муассисаи таълимии давлатии махсусгардонидашудаи хонандагони болаёқати Ҷамоати деҳоти Хистеварзи ноҳияи Бобоҷон Ғафуров баргузор шуд, Р. Мирбобоев, муовини аввали вазири маориф ва илм, О. Каримзода, сардори Раёсати маорифи вилояти Суғд, Ғ. Бобиев,  президенти Академияи таҳсилоти Тоҷикистон, К. Исоев, директори Маркази таҳия, нашр ва муомилоти китобҳои дарсӣ, илмию методӣ ва М. Савлатов, А. Давлатов, Т. Сатторзода, муаллифон ширкат намуданд.
Раҳматулло Мирбобоев иброз дошт, ки “имрӯз зарурати таҳияи китобҳои дарсии ба замони муосир мувофиқ ба миён омадааст. Вохӯрии муаллифони китобҳои дарсӣ бо омӯзгорони фаъоли вилояти Суғд имкон медиҳад, ки омӯзгорон доир ба мушкилоти тадриси фанҳои таълимӣ  бо муаллифон суҳбати рӯ ба рӯ дошта бошанд. Мақсаду маром ва рисолати ҳар яки мо дар сатҳи баланд, дар рӯҳияи ватандӯстию хештаншиносӣ тарбия намудани насли наврас аст”.
Ғ. Бобиев, президенти Академияи таҳсилоти Тоҷикистон, аз тасмими Вазорати маориф ва илм оид ба таҳияи барномаҳои таълим ва китобҳои дарсии “насли нав” иттилоъ дод.  Бино ба гуфтаи ӯ айни замон таҳияи барномаҳои таълимӣ дар арафаи анҷомёбист ва таълифи китобҳои дарсӣ бо диди наву мувофиқ ба таҳсилоти замони муосир шурӯъ мегардад.  Бинобар тағйир ёфтани нақшаи таълимӣ барои муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ зарурати таълиф ва такмили китобҳои дарсӣ ба 68 фанни таълимӣ ба миён омадааст. Барои хонандагони муассисаҳои таълимоташон бо забони давлатӣ таълиф ё такмили 25 китоби дарсӣ, барои хонандагони муассисаҳои таълимоташон бо забони русӣ 32 китоби дарсӣ ва барои хонандагони муассисаҳои таълимоташон бо забони ӯзбекӣ 11 китоби дарсӣ пешбинӣ шудааст, ки бояд то аввали соли хониши 2015 - 2016 чоп ва дастраси хонандагон гардонида шавад.
Сипас, муаллифон оид ба муҳтавои китобҳои дарсӣ изҳори  андеша намуданд. Аз ҷумла Абдулло Давлатов, муаллифи китоби дарсии “Экология” барои синфи 9, номзади илмҳои биологӣ, доир ба бобҳои мавзӯи китоби дарсӣ ёдовар шуд, ки фанни экология пеш аз ҳама таълимоти эволютсиониро дар бар мегирад ва ин фан ба тағийроти куллӣ ниёз дорад.
- Мо, муаллифонро зарур аст, ки дар ҳар нашри такрорӣ тағйироти илми муосирро ба инобат гирем ва омода ҳастем аз эроду пешниҳоди омӯзгорони муҳтарам баҳравар гардем, - гуфт муаллиф.
Тоир Сатторзода, муаллифи китоби дарсии “Зоология” барои синфи 8, доктори илмҳои биологӣ, атрофи китоби дарсии мавриди назар ибрози андеша намуда, аз ҷумла зикр кард, ки дар нашри аввал барои таълифи китоби дарсии “Зоология” муҳлати муқарраршуда хеле маҳдуд буд. Бинобар ин, аксари мавзӯъҳои китоби дарсӣ гуногун ҷойгузорӣ шуда буданд. Дар нашри такрорӣ ҳамаи камбудиҳо ислоҳ ва  ба он расму тасвирҳои ҷолиб ворид шуданд.
Чунин муҳовараҳо дар вилоятҳои дигари кишвар ҳам дар назар аст.

Ҳарамгули ҚОДИР,
“Ҷумҳурият”


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 7.07.2015    №: 137    Мутолиа карданд: 3024
31.01.2023


ДАВЛАТАЛӢ САИД ДАР ШАҲРИ КӮЛОБ

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ВАО: “Теъдоди қурбониёни ҳамлаи террористи маргталаб дар Пешовар ба 72 нафар расид”

Ҷаҳон дар як сатр

ТАҶЛИЛИ БОШУКӮҲИ САДА ДАР ХАТЛОН

НАМОЯНДАИ ШИРКАТИ CNPC ДАР ХАТЛОН

ХАТЛОН. БАРДОШТИ ИХТИСОСӢ АЗ ҶАЛАСАИ НАЗОРАТӢ

СОЗМОНИ ҲАМКОРИИ ИҚТИСОДӢ. ТОҶИКИСТОН ДАР ТАҲКИМИ ФАЪОЛИЯТИ СОЗМОН НАҚШИ МУАССИР ДОРАД

27.01.2023


БМТ. ПАЁМ САРМАШҚИ ФАЪОЛИЯТ ХОҲАД БУД

25.01.2023


Вохӯрии вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТАЪСИСИ АВВАЛИН МАРКАЗИ ҒИЗОИ МАКТАБӢ

МУЛОҚОТ БО САФИРИ ҚАЗОҚИСТОН

23.01.2023


Ҷаҳон дар як сатр

14 май дар Туркия интихоботи президентӣ баргузор мешавад

«САЪБА»

17.01.2023


САМАРАНОКИИ ФАЪОЛИЯТ ВА ШАФФОФИЯТ

Мулоқоти Имангали Тасмагамбетов бо Сергей Поспелов

Игор Черевченко – сармураббии “Истиқлол”

16.01.2023


БОЗИҲОИ ОЛИМПӢ-2024

13.01.2023


ШАМЪИ ХОТИРА

11.01.2023


Муроҷиатномаи Раиси шаҳри Душанбе ба сокинони пойтахт

Санаи муҳорибаи аввалини Нурулло дар UFC аниқ шуд

ХОРУҒ. ҶАЛАСАИ ҶАМЪБАСТИ ФАЪОЛИЯТИ СОЛОНА

10.01.2023


БА АЗНАВБАҚАЙДГИРИИ СИМКОРТҲО МУҲЛАТИ КАМ МОНД

ҲИСОР. ДАР АРАФАИ СОЛИ НАВ 217 СОКИНИ ШАҲР СОҲИБИ ЗАМИН ШУД

ДБССТ. ҲАМКОРИҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ВУ-СЪАТИ ТОЗА МЕГИРАНД

Пешниҳоди Александр Лукашенко

Ҷаҳон дар як сатр

ҶИУ-ҶИТСУ

Таҳкими ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТЕННИС

БОХТАР. ҒОЛИБОНИ ОЗМУНҲО ҚАДР ШУДАНД

ФАЙЗОБОД. ШАРҲУ ТАВЗЕҲИ ПАЁМ

09.01.2023


ХОРУҒ. БО ДАСТУРИ РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ ДАР МАҲАЛЛАИ ТИРЧИД КӮДАКИСТОН СОХТА МЕШАВАД

03.01.2023


«ВЗЛЁТ ПЕРЕД ЗАКАТОМ»


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед