маориф
БАРНОМА ИҶРО ШУД, ВАЛЕ...
Таҳлили рафти иҷрои қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи «Барномаи давлатии компютеркунонии муассисаҳои таҳсилоти умумии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2011-2015» дар нимсолаи аввали соли ҷорӣ нишон дод, ки дар 3356 муассисаи таҳсилоти асосӣ ва миёна 719072 хонандаи синфҳои 7-11 ба таълими технологияи компютерӣ фаро гирифта шудаанд.
Дар ин бора Нуриддин Саид, вазири маориф ва илм, зимни нишасти матбуотӣ иттилоъ дод.
- Барнома 105 дарсад иҷро шуда бошад ҳам, эҳтиёҷот ба компютер дар муассисаҳои таҳсилоти миёна 1966 адад боқӣ мондааст. Дар баробари ин, муассисаҳои таҳсилоти умумӣ ба омӯзгорони фанни забон ва адабиёти тоҷик, забонҳои русӣ, англисӣ, олмонӣ, ӯзбекӣ, қирғизӣ, алифбои ниёгон, математика, таъриху ҳуқуқ, физикаву химия, география ва ғайра ҳамоно эҳтиёҷ доранд, - зикр кард вазир.
Дар шаш моҳи соли ҷорӣ хонандагони муассисаҳои таҳсилоти умумии кишвар аз олимпиадаҳои байналмилалӣ 63 медал: 20 тилло, 22 нуқра ва 21 биринҷӣ ба кишвар армуғон оварданд, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта зиёд аст.
Дар ҷараёни нишаст оид ба гаравидани донишҷӯёни мактабҳои таҳсилоти олии касбии кишвар ба гурӯҳҳои тундрави исломӣ дар хориҷи кишвар низ иттилоъ дода шуд. Ба гуфтаи Нуриддин Саид, панҷ нафар донишҷӯён ба ин саф шомил гардида ва аз воридшавии чанд нафари дигар ба ин гурӯҳ пешгирӣ карда шуд.
Ҳарамгули ҚОДИР, «Ҷумҳурият»
Баёни ақида (0) Санаи нашр: 8.07.2015 №: 138 Мутолиа карданд: 1439