маориф
ҲИМОЯИ 15 РИСОЛАИ НОМЗАДӢ ДАР ШАШ МОҲ
Убайдулло Қурбон, ректори Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон ба номи Абуалӣ ибни Сино, дар вохӯрӣ бо хабарнигорон иброз дошт, ки аз рӯи ҷамъбасти имтиҳонҳои давлатӣ сифати таълим ба 75, 2 дарсад ва дараҷаи дарсазхудкунӣ ба 100 дарсад расид, ки ин нисбат ба соли гузашта натиҷаи беҳтар ба шумор меравад.
Имсол 61 донишҷӯ донишгоҳро бо дипломи аъло хатм кард. Дар олимпиадаи донишҷӯёни муассисаҳои таҳсилоти олии касбии Тоҷикистон 11 нафар аз рӯи 11 фан иштирок намуда, 2 ҷойи аввал, 2 ҷойи дуюм ва 3 ҷойи сеюм ба даст оварданд.
Ба гуфтаи ректори донишгоҳ, дар асоси нақша барои соли таҳсили 2015 - 2016 ба донишгоҳ 1410 донишҷӯ қабул карда мешавад, ки аз ин 580 ҷой буҷетӣ ва 830 ҷой шартномавӣ мебошад. Тибқи Квотаи президентӣ қабули 110 донишҷӯ дар назар аст.
Ректори донишгоҳ афзуд, ки дар шаш моҳ 15 рисолаи номзадӣ ва 1 докторӣ ҳимоя гашт. Дар ин давра аз тарафи ҳайати омӯзгорону профессорони донишгоҳ ба 30993 бемор ёрии табобатию машваратӣ расонда шуд.
Инчунин, зикр гардид, ки моҳи май аввалин маротиба дар таърихи соҳаи тандурустии мамлакат дар заминаи таҷҳизоти замонавии озмоишгоҳи селулаҳои бунёдии донишгоҳ «хромосомаи филаделфӣ» дар беморони мубтало ба миолейкози музмин ташхис гардид.
Мунаввари САФАР
Баёни ақида (0) Санаи нашр: 9.07.2015 №: 139 Мутолиа карданд: 1576