logo

мулоқотҳо

ТОҶИКИСТОН ВА БОШҚИРДИСТОН: ҲАМКОРИҲО УМЕДБАХШАНД

9 июл дар шаҳри Уфа Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо Сарвари Ҷумҳурии Бошқирдистони Федератсияи Русия Рустам Хамитов мулоқот намуд.

Рустам Хамитов Сарвари давлати Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмонро ба шаҳри Уфа хайра мақдам гуфта, ба густариши робитаҳои мустақим бо Тоҷикистон ва минтақаҳои он изҳори ҳавасмандӣ намуд.
Эмомалӣ Раҳмон ба Сарвари Бошқирдистон барои дастгирии пайваста аз фаъолияти Консулгарии генералии Тоҷикистон дар шаҳри Уфа ва ҳам таваҷҷуҳи хосаш ба мушкилоти шаҳрвандони кишвари мо дар ин ҷумҳурии Русия арзи сипос кард.
Бошқирдистон яке аз аввалин субъектҳои Федератсияи Русия аст, ки бо Тоҷикистон ҳанӯз солҳои 90-уми асри гузашта робитаҳои мустақими ҳамкорӣ ба роҳ монда буд.
 Боздиди порсолаи Сарвари Бошқирдистон аз Тоҷикистон ва созмон ёфтани гурӯҳи корӣ аз ҳар ду ҷониб ба густариши робитаҳо заминаи воқеӣ гузоштааст. Ташкил ва вусъат додани ҳамкорӣ дар соҳаҳои энергетика, саноати кӯҳӣ, сабук ва хӯрокворӣ, кишоварзӣ ва коркарди ашёи хоми он дорои дурнамои умедбахш номида шуд.
Сарвари давлати Тоҷикистон ба омодагии Бошқирдистон ба баргузорсозии ҳамоишҳои сарони давлатҳои Созмони ҳамкории Шанхай (СҲШ) ва БРИКС (Бразилия, Русия, Ҳиндустон, Чин ва Ҷумҳурии Африқои Ҷанубӣ) баҳои баланд дода, таъкид дошт, ки ин чорабиниҳои байналмилалӣ ба ободонии бештар ва муаррифии васеи шаҳри Уфа мусоидати фаъол хоҳанд кард.
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ва Сарвари Ҷумҳурии Бошқирдистони Федератсияи Русия Рустам Хамитов, ҳамчунин, намоишгоҳи мусаввараҳои рассомону наққошони маъруфи Тоҷикистонро ифтитоҳ намуда, зимни тамошо аз он ва зери таассуроти амиқ аз маҳсули ин ҳунарҳои воло доир ба ташкил ва густариши ҳамкории мутақобилан судманди фарҳангӣ ҳам гуфтугӯйи судманд анҷом доданд.
Сарвари Ҷумҳурии Бошқирдистони Федератсияи Русия Рустам Хамитов зимни тамошои намоишгоҳ иброз дошт, ки: “Тоҷикистон ягона кишварест, ки дар ҳамоишҳои сарони СҲШ ва БРИКС бо дастовардҳои пурарзиши фарҳангӣ ташриф овардааст”.
Дар намоишгоҳ мусаввараҳои гирдовардаи коллексионери рус Юлия Вербитская аз эҷодиёти рассомони маъруфти тоҷик, аз қабили Зуҳур Ҳабибуллоев, Муриват Бекназаров, Акмал Миршакар, Сабзалӣ Шарифов ва дигарон намоиш дода шуд.
Намоишгоҳ дар доираи ҳамоишҳои БРИКС ва СҲШ аз ҷониби Сафорати Тоҷикистон дар Русия дар ҳамдастӣ бо раиси суди Третейи созмонҳои сохтмонӣ, коллексионери рус Юлия Вербитская зери унвони «Шедевры живописи горного края. Таджикистан. Пространство ШОС» таҳия гардидааст.
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба ин дӯстдори санъати тоҷик, коллексионери рус Юлия Вербитская барои таваҷҷуҳи хосааш арзи сипос намуда, ба ӯ мусаввараи “Манзараи кӯҳистон”-и Олим Рабиевро ҳадя намуд.

 


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 11.07.2015    №: 141    Мутолиа карданд: 1327
31.01.2023


ДАВЛАТАЛӢ САИД ДАР ШАҲРИ КӮЛОБ

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ВАО: “Теъдоди қурбониёни ҳамлаи террористи маргталаб дар Пешовар ба 72 нафар расид”

Ҷаҳон дар як сатр

ТАҶЛИЛИ БОШУКӮҲИ САДА ДАР ХАТЛОН

НАМОЯНДАИ ШИРКАТИ CNPC ДАР ХАТЛОН

ХАТЛОН. БАРДОШТИ ИХТИСОСӢ АЗ ҶАЛАСАИ НАЗОРАТӢ

СОЗМОНИ ҲАМКОРИИ ИҚТИСОДӢ. ТОҶИКИСТОН ДАР ТАҲКИМИ ФАЪОЛИЯТИ СОЗМОН НАҚШИ МУАССИР ДОРАД

27.01.2023


БМТ. ПАЁМ САРМАШҚИ ФАЪОЛИЯТ ХОҲАД БУД

25.01.2023


Вохӯрии вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТАЪСИСИ АВВАЛИН МАРКАЗИ ҒИЗОИ МАКТАБӢ

МУЛОҚОТ БО САФИРИ ҚАЗОҚИСТОН

23.01.2023


Ҷаҳон дар як сатр

14 май дар Туркия интихоботи президентӣ баргузор мешавад

«САЪБА»

17.01.2023


САМАРАНОКИИ ФАЪОЛИЯТ ВА ШАФФОФИЯТ

Мулоқоти Имангали Тасмагамбетов бо Сергей Поспелов

Игор Черевченко – сармураббии “Истиқлол”

16.01.2023


БОЗИҲОИ ОЛИМПӢ-2024

13.01.2023


ШАМЪИ ХОТИРА

11.01.2023


Муроҷиатномаи Раиси шаҳри Душанбе ба сокинони пойтахт

Санаи муҳорибаи аввалини Нурулло дар UFC аниқ шуд

ХОРУҒ. ҶАЛАСАИ ҶАМЪБАСТИ ФАЪОЛИЯТИ СОЛОНА

10.01.2023


БА АЗНАВБАҚАЙДГИРИИ СИМКОРТҲО МУҲЛАТИ КАМ МОНД

ҲИСОР. ДАР АРАФАИ СОЛИ НАВ 217 СОКИНИ ШАҲР СОҲИБИ ЗАМИН ШУД

ДБССТ. ҲАМКОРИҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ВУ-СЪАТИ ТОЗА МЕГИРАНД

Пешниҳоди Александр Лукашенко

Ҷаҳон дар як сатр

ҶИУ-ҶИТСУ

Таҳкими ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТЕННИС

БОХТАР. ҒОЛИБОНИ ОЗМУНҲО ҚАДР ШУДАНД

ФАЙЗОБОД. ШАРҲУ ТАВЗЕҲИ ПАЁМ

09.01.2023


ХОРУҒ. БО ДАСТУРИ РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ ДАР МАҲАЛЛАИ ТИРЧИД КӮДАКИСТОН СОХТА МЕШАВАД

03.01.2023


«ВЗЛЁТ ПЕРЕД ЗАКАТОМ»


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед