мулоқотҳо
МУЛОҚОТИ САТҲИ БАЛАНД ДАР УФА
9 июл дар шаҳри Уфа, пойтахти Ҷумҳурии Бошқирдистони Федератсияи Русия Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар мулоқоти ғайрирасмии сарони давлатҳои аъзои БРИКС (Бразилия, Русия, Ҳиндустон, Чин ва Ҷумҳурии Африқои Ҷанубӣ), СҲШ ва Иттиҳоди иқтисодии Авруосиё, ки дар мавзӯи «Роҳҳои баланд бардоштани некуаҳволии мардумони кишварҳои мо”, баргузор шуд, суханронӣ намуд.
Бояд гуфт, ки дар як вақт ва дар як ҷо ба ҳам омадани сарони давлатҳои аъзои ин 3 созмон бори нахуст сурат гирифт.
Сарвари давлати Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон зимни суханронӣ таваҷҷуҳи ҳозиринро ба мушкилу монеаҳои глобалӣ, ки садди роҳи рушди иҷтимоию иқтисодӣ ва таъмини зиндагии шоистаи мардум мегарданд, ҷалб намуда, аз ҷумла, таъкид дошт, ки монеаи асосӣ дар ин роҳ амиқ рафтани буҳрони озуқаворӣ, энергетикӣ, молиявию иқтисодӣ ва гармшавии иқлими сайёра мебошад.
Эмомалӣ Раҳмон бунёди манбаъҳои энергияи таҷдидшаванда, аз ҷумла, иншооти гидроэнергетикӣ, рушди иқтисоди аз ҷиҳати экологӣ бехатар, ки маъмулан иқтисоди сабзаш меноманд, фаъолияти бемонеаи шабакаҳои нақлиётӣ ва ҳамлу нақли миллию минтақавиро аз шартҳои асосии рушди устувори ҷаҳонӣ номид.
Ба андешаи Эмомалӣ Раҳмон, ба кишварҳое, ки дастрасии мустақим ба роҳҳои баҳрӣ надоранд, расидан ба ҳадафҳои рушди устувор басо мушкил аст. Аз ин хотир, таъкид гардид, ки дастгирии кӯшишҳои чунин кишварҳо дар самтҳои бунёди зербинои муосири ҳамлу нақли миллию минтақавӣ, диверсификатсияи иқтисод ва робитаҳои байналмилалӣ бояд аз ҷумлаи афзалиятҳои асосӣ бошанд.
Суҳбати ғайрирасмии сарони давлатҳои 3 созмони бонуфуз дар фазои дӯстию созандагӣ ҷараён гирифт. Зимни бисёр андешарониҳо, аз ҷумла, изҳори умед шуд, ки чунин ҳамоишҳо паёмадҳои наку хоҳанд дошт.
Ҳамоиши навбатии сарони давлатҳои аъзои Созмони ҳамкории Шанхай 10 июл идома ёфт.
Баёни ақида (0) Санаи нашр: 11.07.2015 №: 141 Мутолиа карданд: 1381