logo

мулоқотҳо

Президент муовини котиби давлатии ИМА-ро ба ҳузур пазируфт

Нимаи дуюми рӯзи 20 апрел Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон муовини котиби давлатии Иёлоти Муттаҳидаи Амрико Ричард Баучерро ба ҳузур пазируфт.
-Тоҷикистон ба рушди мунтазами муносибатҳо бо Амрико дар ҳамаи самтҳои мутақобилан судманди ҳамкорӣ манфиатдор аст, - изҳор дошт дар оғози сӯҳбат Сардори давлат Эмомалӣ Раҳмон.
-Маъмурияти нави Иёлоти Муттаҳидаи Амрико ва Президент Барак Обама ба ҳамкорӣ бо Тоҷикистон манфиатдоранд, аз ҷумла дар татбиқи стратегияи нав оид ба Афғонистону Покистон, - изҳор дошт Ричард Баучер.
Президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон аз сатҳи муносибатҳои дуҷониба дар соҳаҳои сиёсат ва амният изҳори қаноатмандӣ намуда, таъкид дошт, ки «дар марҳилаи кунунӣ таваҷҷӯҳи асосӣ бояд ба таҳкиму густариши ҳамкориҳои иқтисодӣ-тиҷоратӣ равона гардад».
Ба гуфти Эмомалӣ Раҳмон, ҳамгироии бештари иқтисодии Тоҷикистону Амрико на танҳо ба манфиати ду кишвар, балки ба манфиати ҳамаи кишварҳои минтақа хоҳад буд, аз ҷумла барои таъмини оромию субот дар Афғонистон.
Гуфтугӯи судманд атрофи татбиқи ҳадафҳои Стратегияи нави Амрико оид ба Афғонистону Покистон сурат гирифт. Аз ҷумла таъкид гардид, ки татбиқи амалии лоиҳаҳои гидроэнергетикӣ ва коммуникатсионии Тоҷикистон метавонад ба барқарорсозии иқтисодиёти Афғонистон ва таъмини Афғонистону Покистон ба нерӯи барқ мусоидати фаъол намояд.
-Тоҷикистон ҳамчунин метавонад дар омодасозии мутахассисони соҳаҳои гуногун барои Афғонистон саҳми намоён гузорад ва ҳам мутахассисони худро ба барқарорсозии иқтисодиёти он сафарбар намояд, - таъкид намуд Эмомалӣ Раҳмон.
Оид ба таҳкими ҳифзи сарҳади давлатии Тоҷикистону Афғонистон, пешгирии гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир, дигар хатарҳо ва расондани кӯмакҳои техникӣ ба Қӯшунҳои сарҳадӣ ва дигар сохторҳои дахлдор низ табодули назар карда шуд.
Ҷонибҳо ҳамчунин омодагии худро баҳри тавсеаи робитаҳо барои эҷоди фазои мусоиди ҳамкорӣ дар минтақаи Осиёи Марказӣ ва дигар самтҳои судманд таъкид намуданд.

Ричард Баучер, муовини котиби давлатии Иёлоти Муттаҳидаи Амрико, пас аз мулоқот бо Эмомалӣ Раҳмон, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, ба хабарнигорон гуфт, ки мо бо Ҷаноби Олӣ дар бораи рушди муносибатҳои мутақобилан судманди кишварҳоямон табодули назар намуда, вазъи феълии Афғонистон ва сиёсати маъмурияти нави ИМА-ро вобаста ба ҶИА мавриди баррасӣ қарор додем.
Яке аз вазифаҳои аввалиндараҷаи мо таҳким бахшидани равобити гуногунсоҳа бо тамоми кишварҳои минтақа аст. Аз ин лиҳоз, мо имрӯз бештар ба масоили таъмини амнияти комил дар сарҳад, гузоштани садди устувор дар роҳи қочоқи маводи мухаддир, фароҳам овардани шароити мусоид барои рушди иқтисодиёти Афғонистон, мусоидат ба ҳифзи иҷтимоии аҳолии он, таъмини транзити борҳои ғайринизомии аз Амрико тавассути қаламрави Тоҷикистон ба ин кишвар интиқолшаванда таваҷҷӯҳ зоҳир намудем.
Иёлоти Муттаҳидаи Амрико шарики хуб, нерӯманд ва боэътимоди Тоҷикистон ҳам дар масъалаҳои таъмини амният ва ҳам дар татбиқи барномаҳои ислоҳоти иқтисодӣ мебошад. Бесабаб нест, ки мо бо Ҷаноби Олӣ имконот ва роҳҳои густариши ҳамкориҳои дуҷонибаро дар ин самтҳо матраҳ сохтем.
Ман ба Президенти кишвари шумо гуфтам, ки Барак Обама, Президенти ИМА, мутаваҷҷеҳи рушди муносибатҳои гуногунҷанба бо Тоҷикистон аст.

Додоҷон Рӯзиев, «Ҷумҳурият»


Баёни ақида (0)    Санаи нашр:    №:    Мутолиа карданд: 2131
31.01.2023


ДАВЛАТАЛӢ САИД ДАР ШАҲРИ КӮЛОБ

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ВАО: “Теъдоди қурбониёни ҳамлаи террористи маргталаб дар Пешовар ба 72 нафар расид”

Ҷаҳон дар як сатр

ТАҶЛИЛИ БОШУКӮҲИ САДА ДАР ХАТЛОН

НАМОЯНДАИ ШИРКАТИ CNPC ДАР ХАТЛОН

ХАТЛОН. БАРДОШТИ ИХТИСОСӢ АЗ ҶАЛАСАИ НАЗОРАТӢ

СОЗМОНИ ҲАМКОРИИ ИҚТИСОДӢ. ТОҶИКИСТОН ДАР ТАҲКИМИ ФАЪОЛИЯТИ СОЗМОН НАҚШИ МУАССИР ДОРАД

27.01.2023


БМТ. ПАЁМ САРМАШҚИ ФАЪОЛИЯТ ХОҲАД БУД

25.01.2023


Вохӯрии вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТАЪСИСИ АВВАЛИН МАРКАЗИ ҒИЗОИ МАКТАБӢ

МУЛОҚОТ БО САФИРИ ҚАЗОҚИСТОН

23.01.2023


Ҷаҳон дар як сатр

14 май дар Туркия интихоботи президентӣ баргузор мешавад

«САЪБА»

17.01.2023


САМАРАНОКИИ ФАЪОЛИЯТ ВА ШАФФОФИЯТ

Мулоқоти Имангали Тасмагамбетов бо Сергей Поспелов

Игор Черевченко – сармураббии “Истиқлол”

16.01.2023


БОЗИҲОИ ОЛИМПӢ-2024

13.01.2023


ШАМЪИ ХОТИРА

11.01.2023


Муроҷиатномаи Раиси шаҳри Душанбе ба сокинони пойтахт

Санаи муҳорибаи аввалини Нурулло дар UFC аниқ шуд

ХОРУҒ. ҶАЛАСАИ ҶАМЪБАСТИ ФАЪОЛИЯТИ СОЛОНА

10.01.2023


БА АЗНАВБАҚАЙДГИРИИ СИМКОРТҲО МУҲЛАТИ КАМ МОНД

ҲИСОР. ДАР АРАФАИ СОЛИ НАВ 217 СОКИНИ ШАҲР СОҲИБИ ЗАМИН ШУД

ДБССТ. ҲАМКОРИҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ВУ-СЪАТИ ТОЗА МЕГИРАНД

Пешниҳоди Александр Лукашенко

Ҷаҳон дар як сатр

ҶИУ-ҶИТСУ

Таҳкими ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТЕННИС

БОХТАР. ҒОЛИБОНИ ОЗМУНҲО ҚАДР ШУДАНД

ФАЙЗОБОД. ШАРҲУ ТАВЗЕҲИ ПАЁМ

09.01.2023


ХОРУҒ. БО ДАСТУРИ РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ ДАР МАҲАЛЛАИ ТИРЧИД КӮДАКИСТОН СОХТА МЕШАВАД

03.01.2023


«ВЗЛЁТ ПЕРЕД ЗАКАТОМ»


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед