маориф
ДТТ: АСПИРАНТОНУ ДОНИШҶӮЁН СОҲИБИ ПАТЕНТУ ДИПЛОМ ШУДАНД
Бинобар гуфтаи Ҳайдар Одинаев, ректори Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба номи академик Муҳаммадҷон Осимӣ, аспирантон ва муҳассилини донишгоҳ дар озмунҳои ҷумҳуриявӣ фаъолона ширкат варзида, беҳтарин навоварону ихтироъкорони ҷавони кишвар эътироф шуданд. Аспирантон Сафармурод Исмоилов барои коркарди газ аз партовҳо, Исфандиёр Тӯраҳасанов барои ихтирои асбоби ченкунии неруи барқгузаронии металлҳо вобаста аз ҳарорат ва Азимҷон Мирзоалиев барои ихтирои асбоби коркарди сангҳои қиматбаҳо соҳиби патентҳои Маркази ҷумҳуриявии ихтироот ва патент шуданд. Донишҷӯ Бахтиёр Шафиев барои ихтирои асбоби ченкунии сарфи сӯзишворӣ ҳангоми ҳаракат дар нақлиёти калони боркаш гувоҳномаи ихтироот гирифт.
Донишҷӯён Кароматуллоҳ Маҳмудов ва Гулбаҳор Ҳусей-нова дар даври ҷумҳуриявии олимпиадаҳои фаннӣ аз фанҳои физикаю фалсафа сазовори дипломҳои дараҷаи II ва III, инчунин, мукофоти пулии Вазорати маориф ва илми Тоҷикистон гардиданд.
Э. НАЗАРОВ
Баёни ақида (0) Санаи нашр: 14.07.2015 №: 142 Мутолиа карданд: 1445