маориф
10 ДОНИШҶӮ ДИПЛОМИ СУРХ ГИРИФТ
Мумин Шарифов, ректори Донишгоҳи давлатии тиҷорати Тоҷикистон, зимни натиҷагирӣ аз фаъолияти донишгоҳ дар нимсолаи аввал иттилоъ дод, ки имсол донишгоҳро 10 нафар бо баҳои аъло хатм намуда, соҳиби дипломи сурх шуданд. Ба гуфтаи ӯ, дар ин давра тибқи нақша як қатор чорабиниҳои илмӣ, оммавӣ, тарбиявӣ доир гаштанд, дар аксари онҳо аввалан ба масоили донишандӯзии донишҷӯён, пешгирии ҷинояткорӣ, шомил нагардидан ба ҳар гуна ҳизбу ҳаракатҳои ифротгаро, талқини ҳисси ватандӯстӣ таваҷҷуҳи махсус зоҳир гардид. Ин буд, ки дар ҷамъбасти сессияи имтиҳонии нимсолаи дуюми соли таҳсил дараҷаи донишазхудкунӣ 81,9 дарсадро ташкил дод, ки нисбат ба ҳамин давраи соли таҳсили гузашта 5,5 % зиёд мебошад.
- Яке аз дастовардҳои илмии донишгоҳ дар нимсолаи аввали соли равон ин аст, ки се устоди кафедраҳои математикаи олӣ ва забонҳои хориҷӣ бомуваффақият рисолаҳои илмиашонро ҳимоя намуданд, - гуфт сарвари таълимгоҳ. Ҳамчунин, дар ин давра аз ҷониби устодон 120 номгӯй китобу монографияҳои таълимӣ таҳия шуда, дастраси донишҷӯён гардиданд, ки ҷиҳати омодасозии мутахассисони баландихтисоси ба талаботи меҳнат рақобатпазир, афзун намудани дастовардҳои илмӣ ва бо ин васила ҳисса гузоштан дар рушди иқтисодиёти кишвар муҳим арзёбӣ мешаванд.
Ш. ҚУРБОН
Баёни ақида (0) Санаи нашр: 15.07.2015 №: 143 Мутолиа карданд: 1587