мулоқотҳо
Густариши робитаҳои
Тоҷикистону Маҷористон
24 апрел Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон аз Сафири нави фавқулодда ва мухтори Маҷористон дар Тоҷикистон Янош Балла эътимоднома қабул намуд.
Дар сӯҳбат бо Янош Балла Сардори давлат Эмомалӣ Раҳмон аз сатҳ ва мазмуни робитаҳои сиёсии Тоҷикистону Маҷористон изҳори қаноатмандӣ карда, таъкид бар он дошт, ки дар марҳилаи кунунии рушди муносибатҳои ду кишвар ба густариши равобити иқтисодӣ низ бояд таваҷҷӯҳи бештар зоҳир гардад.
Сафири Маҷористон Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмонро бовар кунонд, ки баҳри мавриди истифода қарор додани имкону захираҳои фаровони ҳамкорӣ дар соҳаҳои сиёсат, иқтисод ва савдо ва илму фарҳанг ҷаҳду талош мекунад.
Соҳаҳои кишоварзӣ, гидроэнергетика, дорусозӣ ва саноати сабуку хӯрокворӣ аз самтҳои афзалиятнок барои рушди ҳамкориҳои минбаъдаи иқтисодӣ арзёбӣ гардид.
Зимни баррасии авзои кунунии Афғонистон ва минтақаи Осиёи Марказӣ Янош Балла ба нақши Тоҷикистон дар таъмини амнияту суботи минтақа ва барқарорсозии иқтисодиёти Афғонистон баҳои баланд дода, омодагии кишвари худро ба густариши робитаҳои гуногунҷанбаи мутақобилан судманд таъкид намуд.
Баёни ақида (0) Санаи нашр: №: Мутолиа карданд: 1967