барқияҳо
БАРҚИЯИ ТАБРИКОТӢ БА ФРАНСУА ЖЕРАР ЖОРЖ ОЛЛАНД
14 июл Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба Президенти Ҷумҳурии Фаронса Франсуа Жерар Жорж Олланд барқияи табрикӣ ирсол намуд, ки дар он, аз ҷумла, омадааст:
«Ҷаноби Олӣ,
Ниҳоят хушҳолам, ки Шумо ва мардуми дӯсти кишварро ба ифтихори ҷашни фархундаи миллии Ҷумҳурии Фаронса – солгарди ба даст овардани Бастилия сидқан табрику таҳният гӯям.
Ҷумҳурии Тоҷикистон сатҳи муносибатҳои худро бо Ҷумҳурии Фаронса баланд арзёбӣ намуда, Фаронсаро шарики муҳим ва боэътимоди худ дар Аврупо мешуморад ва ба густариши бемайлони ин равобит ва васеъ гардонидани доираи ҳамкориҳо ҳавасманд аст.
Мо аз сатҳи рушди муносибатҳои дуҷониба қаноатманд ҳастем ва итминон дорем, ки ба кор андохтани имкониятҳои тоза барои боз ҳам тавсеа бахшидани муносибатҳои ҳасанаи дуҷониба ба нафъи ҳар ду кишвар буда, боиси таҳкими сулҳу субот ва равобити судманди созанда дар минтақа мебошад. Барои расидан ба ин ҳадафҳои нек мо аз тамоми имкониятҳо истифода хоҳем кард.
Дар ин рӯзи мубораку фархунда ба ҷаноби Президент тансиҳатӣ ва пирӯзиҳои ҷадид орзу намуда, ба мардуми дӯсти Фаронса сулҳу амонӣ ва саодату шукуфоӣ хоҳонам».
Баёни ақида (0) Санаи нашр: 16.07.2015 №: 144 Мутолиа карданд: 1361