барқияҳо
БАРҚИЯИ ТАБРИКОТӢ БА ҲАСАНИ РӮҲОНӢ
14 июл Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба Раиси Ҷумҳурии Исломии Эрон доктор Ҳасани Рӯҳонӣ барқияи табрикӣ ирсол намуд, ки дар он, аз ҷумла, омадааст:
«Ҷаноби Олӣ,
Бо камоли хушнудӣ ва масаррати фаровон хабари ба тавофуқ расидани Ҷумҳурии Исломии Эрон ва гурӯҳи “5+1”-ро дар масоили барномаи ҳастаии Шумо дарёфт намудам.
Пирӯзии афкори созанда дар ин мавзӯъ, дарвоқеъ, зафар ёфтани ақлу заковат ва тафаккури инсонист, ки он на танҳо ба нафъи Эрони бародар, балки ба манфиати тамоми минтақа аст ва ба мардумони соҳати паҳновари он ва ҳамаи банӣ - одам зиндагии орому осоишта, пешрафту тараққӣ ва ояндаи хубу осмони беғуборро таъмин мекунад.
Бо ибрози табрику таҳнияти Ҷаноби Олӣ ва мардуми Эрон бо ин дастоварди бузург ба кишвари бародар амну амонӣ ва рифоҳу саодат орзумандам».
Баёни ақида (0) Санаи нашр: 16.07.2015 №: 144 Мутолиа карданд: 1365