маориф
ДОНИШГОҲИ ТЕХНОЛОГИИ ТОҶИКИСТОН ЯКЕ АЗ БЕҲТАРИНҲО ДАР ИДМ
- Тибқи ҷадвали раддабандии Агентии байналмилалии «Интерфакс» аз декабри соли 2013 Донишгоҳи технологии Тоҷикистон ягона таълимгоҳи кишвар ба шумор меравад, ки аз лиҳози омодагӣ ба навгониҳо ба рӯйхати 200 мактаби беҳтарини таҳсилоти олии касбии Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил ворид гардидааст, - гуфт ноиби ректор оид ба инноватсия ва технологияи таълимии донишгоҳи мазкур Мирзо Юсуфов. Дар нишаст зикр гашт, ки дар ҳамкорӣ бо Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳии назди Ҳукумати ҷумҳурӣ дар назди донишгоҳ Маркази рушди зеҳнии ҷавонони Тоҷикистон ва дастгирии истеъдодҳо таъсис дода шудааст. Ҳадаф аз ин дар амал татбиқ намудани сиёсати давлатии ҷавонон ва барномаҳои марбут ба он мебошад. Ҳамзамон, 15 - 17 майи соли равон Форуми аввалини байналмилалии «Ҷавонон - неруи рушди зеҳнии кишвар» баргузор гардид. Мақсад аз он натиҷагирӣ аз ҳамкориҳои Донишгоҳи технологии Тоҷикистон бо мактабҳои таҳсилоти олии Федератсияи Русия ва Иттиҳоди Аврупо доир ба тайёр кардани мутахассисон барои рушди инноватсионии минтақаҳои Тоҷикистон буд.
Э. НАЗАРОВ
Баёни ақида (0) Санаи нашр: 17.07.2015 №: 145 Мутолиа карданд: 1435