маориф
ГУСТАРИШИ МУНОСИБАТҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ
Нуралӣ Салимов, ректори Донишгоҳи славянии Тоҷикистону Русия, иброз намуд, ки фаъолияти ин муассисаи таълимӣ бобати густариши муносибатҳои байналмилалӣ бомуваффақият идома дошта, бо 75 донишгоҳи кишварҳои хориҷӣ ҳамкориҳои шартномавӣ роҳандозӣ гардиданд. Лоиҳаю барномаҳои омӯзишии байналмилалӣ бо Донишгоҳи шабакавии ИДМ ва Донишгоҳи Созмони ҳамкории Шанхай амалӣ мешаванд. Лоиҳаҳои «UNICO», «gSmart», «СANEMII» барои омӯзиши забони англисӣ ва ҳаракати донишҷӯёнаи муҳассилин ва муаллимони мактабҳои таҳсилоти олии касбӣ аз ҳисоби грантҳои Иттиҳоди Аврупо татбиқ гардиданд. Нахустин бор дар Тоҷикистон бо дастгирии кишвари Олмон шабакаи радиоии таълимӣ таъсис дода шуд.
Дар донишгоҳ 117 донишҷӯи хориҷӣ таҳсил дорад. 88 донишҷӯ дар доираи барномаҳои мубодилаи академикӣ дар мактабҳои таҳсилоти олии касбии Олмон, Қазоқистон, Чин, Русия ва Ҷопон ба таҳсил фаро гирифта шуданд.
Эмоми НАЗАРИЁН
Баёни ақида (0) Санаи нашр: 17.07.2015 №: 145 Мутолиа карданд: 1261