барқияҳо
БАРҚИЯИ ҲАМДАРДӢ ба Президенти Ҷумҳурии Туркия
21 июл Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба Президенти Ҷумҳурии Туркия Реҷеп Тайип Эрдоган барқияи тасаллият ирсол намуд, ки дар он, аз ҷумла, омадааст:
«Ҷаноби Олӣ,
Дар Тоҷикистон хабари фоҷиабори инфиҷори мудҳишро дар шаҳри Суруҷи Ҷумҳурии Туркия, ки муҷиби қурбонӣ гаштани даҳҳо нафар мардуми бегуноҳ ва захмӣ шудани теъдоди зиёди онҳо шудааст, бо андуҳи бузург қабул намуданд. Ин амали таассуфангези ғайриинсонӣ зарурати идомаи муборизаи беамони сарҷамъонаи аҳли башарро алайҳи “вабои аср” – терроризм қотеъона таъкид менамояд.
Бо изҳори таъзия ва тасаллият ба тамоми мардуми дӯсти Туркия, аз ҷаноби Президент хоҳишмандам ҳамдардии моро ба наздикони шуҳадо бирасонанд. Ба маҷрӯҳшудагон шифои комил орзумандам».
Баёни ақида (0) Санаи нашр: 22.07.2015 №: 147 Мутолиа карданд: 1413