маориф
ДОНИШКАДАИ ЗАБОНҲО ҲАМКОРИҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛИРО ВУСЪАТ МЕДИҲАД
Дар Донишкадаи давлатии забонҳои Тоҷикистон ба номи Сотим Улуғзода дар доираи ҳамкориҳо бо барномаи «JIKA» - и Ҷопон ҳуҷраи фаннии забони ҷопонӣ ташкил карда шуд. Ин иқдом дар таҳкими базаи моддиву техникии донишкада мусоидат хоҳад кард. Ин навидро ректори донишкада Идигул Қосимзода зимни нишасти матбуотӣ баён намуд.
Дар ҳамин ҳол, Донишкадаи давлатии забонҳо ба мақсади тавсеаи равобити хориҷӣ бо Донишгоҳи давлатии хоҷагидории Кострома, Донишгоҳи давлатии Пенза ва Донишгоҳи давлатии ба номи А. Бунини Федератсияи Русия созишномаҳои ҳамкорӣ ба тасвиб расонд. Ҳамзамон, бастани шартномаҳои ҳамкорӣ бо 10 муассисаи олии дигари хориҷӣ, аз ҷумла, Ҷумҳурии Мардумии Чин, Русия ва Арманистон дар ҳоли баррасист.
Зикр шуд, ки дар нимсолаи аввали соли равон аз ҷониби сафорати Давлати Қатар дар Ҷумҳурии Тоҷикистон 49 дастуру лавозимоти таърихиву сайёҳӣ ба факултети забонҳои Шарқ тақдим гардид.
Бузургмеҳри БАҲОДУР
Баёни ақида (0) Санаи нашр: 24.07.2015 №: 149 Мутолиа карданд: 1304