маориф
«ТОҶИ ТИЛЛОӢ»-И ДОНИШКАДАИ МОЛИЯ ВА ИҚТИСОД
Нишасти матбуотии Донишкадаи молия ва иқтисоди Тоҷикистон бо иттилои сазовор гардидани донишкада ба ҷоизаи байналмилалии «Тоҷи тиллоӣ барои сифат» дар шаҳри Женеваи Швейтсария, ҳамзамон, узви шабакаи донишгоҳҳои Оксфорд шудани ректори он оғоз гардид.
Ашӯрбой Абдувоҳид, ректори донишкада, ба ин дастовард ноил гаштани донишкадаро имкони ворид шудан ба фазои ҷаҳонии таҳсилот ва пайдо намудани нуфуз миёни донишгоҳу донишкадаҳои дохил ва хориҷи кишвар арзёбӣ намуд. Ҳамчунин, дар назди донишкада таъсис додани Пажӯҳишгоҳи илмӣ-таҳқиқотии молия ва Маркази такмили ихтисоси кормандони соҳаи молия дар назар аст, ки ҳадаф аз он табдил додани донишкада ба донишгоҳ мебошад.
Оҳистамоҳи ВАФОБЕК
Баёни ақида (0) Санаи нашр: 25.07.2015 №: 150 Мутолиа карданд: 1392