мулоқотҳо
Масъалаҳои
ҳамкории ҳарбӣ
баррасӣ шуданд
24 апрел Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон Дабири кули Созмони аҳдномаи амнияти дастаҷамъӣ Николай Бордюжаро ба ҳузур пазируфт.
Дар мулоқот масоили ҳамкорӣ дар доираи ин созмон ва болобарии минбаъдаи нуфузу эътибори он дар арсаи ҷаҳонӣ баррасӣ шуданд.
Таваҷҷӯҳи махсус ба ҳалли масоили ҳуқуқии ташкилдиҳӣ, ҳайат, фаъолият ва мавриду роҳҳои истифодаи Нерӯҳои дастаҷамъии зудамал зоҳир шуд.
Масоили ҳамкории ҳарбӣ-техникӣ ва омода кардани кадрҳои низомӣ барои Қувваҳои Мусаллаҳи Тоҷикистон низ аз мавзӯъҳои асосии сӯҳбат буд.
Мубодилаи судманди афкор ҳамчунин оид ба авзои кунунии Афғонистон ва минтақа сурат гирифт.
Баёни ақида (0) Санаи нашр: №: Мутолиа карданд: 2074