мулоқотҳо
Эмомалӣ Раҳмон аз Ҷейм Ямбао
эътимоднома қабул кард
23 апрел Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон аз Сафири нави фавқулодда ва мухтори Филиппин дар Тоҷикистон Ҷейм Ямбао эътимоднома қабул намуд.
Дар сӯҳбати Сардори давлат Эмомалӣ Раҳмон бо Ҷейм Ямбао роҳҳои таҳкиму густариши муносибатҳои Тоҷикистону Филиппин баррасӣ шуданд.
Таъкид гардид, ки барои густариши ҳамкориҳои сиёсӣ, иқтисодию тиҷоратӣ ва фарҳангии миёни Тоҷикистону Филиппин имкону захираҳои фаровон мавҷуданд ва онҳо бояд мавриди истифода қарор гиранд.
Бахшҳои саноати сабук, хӯрокворӣ, дорусозӣ, кимиё ва ҳамчунин мубодилаҳои илмию фарҳангӣ барои ҳар ду кишвар судовар маънидод гардиданд.
х х х
Ҷейм Ямбао, Сафири фавқулодда ва мухтори Филиппин дар Тоҷикистон, баъди анҷоми мулоқоташ бо Эмомалӣ Раҳмон, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, ба хабарнигорон гуфт, ки ҳар ду мамлакат ҷиҳати баланд бардоштани сатҳ ва мазмуни ҳамкориҳои мутақобилан судманди гуногунсоҳа манфиатдор аст. Барои ҳарчи тезтар ба ин ҳадаф расидан пеш аз ҳама ҳайатҳои воломақоми Тоҷикистону Филиппин бояд ба мамлакатҳои ҳамдигар ташриф оварда, бо шароиту имкониятҳои мавҷуда аз наздик ошно гарданд.
-Мо ба густариши робитаҳои тиҷорӣ беш аз ҳарвақта ниёз дорем ва дар назди худ мақсад гузоштаем, ки соҳибкорону тоҷирони кишвари шуморо ба бозори молу маҳсулоти Филиппин ҷалб намоем. Филиппин узви яке аз созмонҳои бонуфузи байналмилалӣ – Иттиҳоди ҳамкории давлатҳои Осиёи Ҷанубӣ ва Шарқӣ мебошад ва дар чаҳорчӯбаи созишномаи тиҷоратии он дар минтақа нақши муҳим мебозад.
Айни замон мо дар марҳилаи баррасии лоиҳаи Созишнома оид ба канорагирӣ аз андозбандии дукарата ва ҳимояи сармоягузорӣ қарор дорем, - иброз дошт сафири Филиппин дар Тоҷикистон.
Додоҷон РӮЗИЕВ, «Ҷумҳурият»
Баёни ақида (0) Санаи нашр: №: Мутолиа карданд: 2032