мулоқотҳо
Президент вазири
давлатии Туркияро
ба ҳузур пазируфт
22 апрел Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон вазири давлатии Ҷумҳурии Туркия Мустафо Саид Язиҷиоғлуро ба ҳузур пазируфт.
Дар мулоқот масоили кунунӣ ва дурнамои муносибатҳои ду кишвар дар партави сафари пешомади Президенти Туркия Абдулло Гул ба Тоҷикистон баррасӣ ёфтанд.
-Мо аз сатҳи муносибатҳои гуногунҷанбаи Тоҷикистону Туркия ва рушди пайвастаи онҳо қаноатмандем, - изҳор дошт дар оғози сӯҳбат Сардори давлат Эмомалӣ Раҳмон ва ҳамзамон таъкид бар он дошт, ки натиҷаи робитаҳои иқтисодию тиҷоратии ду кишвар ба имкону захираҳои мавҷуда мувофиқат намекунанд.
Ҳамчунин изҳори боварӣ шуд, ки сафари пешомади Президенти Туркия Абдулло Гул ба Тоҷикистон таконбахши ҳамкориҳои мутақобилан судманди ду кишвар хоҳад шуд.
Ҷоннок намудани фаъолияти Комиссияи муштараки ҳамкориҳои иқтисодӣ ва Шӯрои соҳибкории ду кишвар зарур шумурда шуд.
Таъкид гардид, ки таҳкиму густариши ҳамкориҳо дар бунёди иншооти гидроэнергетикӣ, роҳҳои оҳану мошингард, корхонаҳои муштараки саноатӣ ва муассисаҳои тиҷоратию хизматрасонӣ ва рушди туризм дар Тоҷикистон барои ҳар ду ҷониб судовар хоҳанд буд.
Гуфтугӯи судманд ҳамчунин атрофи имконоти рушди ҳамкорӣ дар соҳаҳои маориф, илму фарҳанг ва дигар масоили мавриди таваҷҷӯҳи тарафҳо сурат гирифт.
х х х
Вазири давлатии Ҷумҳурии Туркия Мустафо Саид Язиҷиоғлу пас аз дидору гуфтугӯ бо Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар сӯҳбат ба намояндагони ВАО иброз дошт, ки ӯ ва ҳайати ҳамроҳонаш ҷиҳати иштирок дар маҷлиси 7-уми Комиссияи байниҳукуматии Тоҷикистону Туркия ба кишвари мо ташриф овардаанд. Бино ба гуфти ӯ айни замон ҳаҷми мубодилаи мол байни ҳар ду мамлакат тақрибан 430 миллион долларро ташкил медиҳад, ки ҷонибҳо аз он қаноатманд нестанд.
Дар мулоқот бо Ҷаноби Олӣ, Сардори давлати Тоҷикистон, мо як қатор масъалаҳои мубрами рӯз, аз ҷумла роҳҳои коҳиш додани бӯҳрони ҷаҳонии молиявӣ ва рушди энергетика ва татбиқи лоиҳаҳои инвеститсионӣ вобаста ба нерӯи офтоб ва ҳаворо матраҳ сохтем.
Ман ба Ҷаноби Президент дар хусуси равнақи туризм дар Тоҷикистон андешаҳоямро баён кардам. Мо дар ин самт таҷрибаи бой дорем. Соли 2008 Туркия беш аз 26 миллион сайёҳро қабул намуд. Ва мо аз ин ҳисоб 22 миллиард доллари ИМА фоида дидем.
Бо итминон мегӯям, ки сафари қарибулвуқӯи Президенти Туркия Абдулло Гул ба Тоҷикистон дар рушди муносибатҳои гуногунсоҳаи ҳар ду мамлакат такони ҷиддӣ мебахшад.
Додоҷон РӮЗИЕВ, «Ҷумҳурият»
Баёни ақида (0) Санаи нашр: №: Мутолиа карданд: 2086