logo

мулоқотҳо

Мулоқоти Эмомалӣ Раҳмон бо Мигел Маури Буендиа

22 апрел Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон аз Сафири нави Ватикан дар Тоҷикистон Мигел Маури Буендиа эътимоднома қабул намуд.
Сардори давлат Эмомалӣ Раҳмон ва Мигел Маури Буендиа оид ба ҳамкории Тоҷикистону Ватикан гуфтугӯи судманд анҷом доданд.

Сӯҳбат асосан атрофи мавзӯи гуфтугӯи миёни дину тамаддунҳои гуногуни ҷаҳон ва ҳуқуқу озодиҳои инсон сурат гирифт. Ғояҳои сулҳ, накӯкорӣ ва адолат, ки аз ҷониби намояндагони тамоми дину фарҳангҳо мавриди арҷгузорӣ қарор мегиранд, аз омилҳои  асосии дӯстию ҳамкории миёни халқҳои гуногун ва эҳтирому таҳаммулпазирӣ маънидод гардид.
Таъкид  шуд, ки эътиқоди динӣ ва ҳамкории намояндагони дину мазҳабҳои ҷаҳон, пеш аз ҳама бояд ба мубориза бо чунин хатару мушкилоти аҳли башар чун терроризм, экстремизм, гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир ва ҳамчунин ба дастгирии бенавоёну мӯҳтоҷон равона гардад.
Бо қаноатмандӣ зикр гардид, ки дар Тоҷикистон намояндагони тамоми динҳои ҷаҳонӣ озодона кору зиндагӣ карда, маросимҳои динию эътиқодии худро бемонеа анҷом медиҳанд, аз ҷумла ибодаткунандагони се муассисаи мавҷудаи  Калисои римӣ-католикӣ.

х х х
Мигел Маури Буендиа, Сафири фавқулодда ва мухтори Ватикан дар Тоҷикистон, баъди анҷоми мулоқоташ бо Эмомалӣ Раҳмон, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, ба намояндагони воситаҳои ахбори омма иброз дошт, ки бо Сардори давлат дар атрофи он масъалаҳое табодули назар намудааст, ки ба рушди муносибатҳои дуҷониба мусоидат карда метавонанд.
- Дар мулоқот асосан ба масъалаи гуфтугӯи миёни адён ва тамаддунҳо, ба шумули динҳои насронӣ ва ислом таваҷҷӯҳи махсус зоҳир гардид, - гуфт сафири Ватикан. ӯ изҳор намуд, ки Тоҷикистон дорои фарҳанги пурғановат ва таърихи бою рангини исломӣ аст ва метавонад онҳоро дастраси дигар мамлакатҳои ҷаҳон гардонад.
Зикр гардид, ки Ватикан беш аз 30 сол боз бо Донишгоҳи исломии Алаҳзар воқеъ дар Ҷумҳурии Мисри Араб ва дигар мактабҳои олии исломии кишварҳои мусулмонӣ робитаи мустаҳкам дорад. Тоҷикистон низ дар гуфтугӯи адён ва тамаддунҳо фаъолона ширкат варзида, бо ҳамин васила мавқею нуфузи худро дар арсаи байналмилалӣ таҳким бахшида метавонад.

Додоҷон РӮЗИЕВ, «Ҷумҳурият»


Баёни ақида (0)    Санаи нашр:    №:    Мутолиа карданд: 2094
31.01.2023


ДАВЛАТАЛӢ САИД ДАР ШАҲРИ КӮЛОБ

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ВАО: “Теъдоди қурбониёни ҳамлаи террористи маргталаб дар Пешовар ба 72 нафар расид”

Ҷаҳон дар як сатр

ТАҶЛИЛИ БОШУКӮҲИ САДА ДАР ХАТЛОН

НАМОЯНДАИ ШИРКАТИ CNPC ДАР ХАТЛОН

ХАТЛОН. БАРДОШТИ ИХТИСОСӢ АЗ ҶАЛАСАИ НАЗОРАТӢ

СОЗМОНИ ҲАМКОРИИ ИҚТИСОДӢ. ТОҶИКИСТОН ДАР ТАҲКИМИ ФАЪОЛИЯТИ СОЗМОН НАҚШИ МУАССИР ДОРАД

27.01.2023


БМТ. ПАЁМ САРМАШҚИ ФАЪОЛИЯТ ХОҲАД БУД

25.01.2023


Вохӯрии вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТАЪСИСИ АВВАЛИН МАРКАЗИ ҒИЗОИ МАКТАБӢ

МУЛОҚОТ БО САФИРИ ҚАЗОҚИСТОН

23.01.2023


Ҷаҳон дар як сатр

14 май дар Туркия интихоботи президентӣ баргузор мешавад

«САЪБА»

17.01.2023


САМАРАНОКИИ ФАЪОЛИЯТ ВА ШАФФОФИЯТ

Мулоқоти Имангали Тасмагамбетов бо Сергей Поспелов

Игор Черевченко – сармураббии “Истиқлол”

16.01.2023


БОЗИҲОИ ОЛИМПӢ-2024

13.01.2023


ШАМЪИ ХОТИРА

11.01.2023


Муроҷиатномаи Раиси шаҳри Душанбе ба сокинони пойтахт

Санаи муҳорибаи аввалини Нурулло дар UFC аниқ шуд

ХОРУҒ. ҶАЛАСАИ ҶАМЪБАСТИ ФАЪОЛИЯТИ СОЛОНА

10.01.2023


БА АЗНАВБАҚАЙДГИРИИ СИМКОРТҲО МУҲЛАТИ КАМ МОНД

ҲИСОР. ДАР АРАФАИ СОЛИ НАВ 217 СОКИНИ ШАҲР СОҲИБИ ЗАМИН ШУД

ДБССТ. ҲАМКОРИҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ВУ-СЪАТИ ТОЗА МЕГИРАНД

Пешниҳоди Александр Лукашенко

Ҷаҳон дар як сатр

ҶИУ-ҶИТСУ

Таҳкими ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТЕННИС

БОХТАР. ҒОЛИБОНИ ОЗМУНҲО ҚАДР ШУДАНД

ФАЙЗОБОД. ШАРҲУ ТАВЗЕҲИ ПАЁМ

09.01.2023


ХОРУҒ. БО ДАСТУРИ РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ ДАР МАҲАЛЛАИ ТИРЧИД КӮДАКИСТОН СОХТА МЕШАВАД

03.01.2023


«ВЗЛЁТ ПЕРЕД ЗАКАТОМ»


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед