қонунҳои ҶТ
ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
ОИД БА ВОРИД НАМУДАНИ ТАҒЙИРОТ БА ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН «ДАР БОРАИ САВДО ВА ХИЗМАТРАСОНИИ МАИШӢ»
Моддаи 1. Ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 19 марти соли 2013 «Дар бораи савдо ва хизматрасонии маишӣ» (Ахбори Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, с.2013, №3, мод.186; с.2014, №3, мод.150) тағйироти зерин ворид карда шаванд:
1. Дар қисми 9 моддаи 10 калимаҳои «Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ҳимояи ҳуқуқи истеъмолкунандагон» ва Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи сертификатсияи маҳсулот ва хизматрасонӣ» ба калимаҳои «қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон» иваз карда шаванд.
2. Қисми 21 моддаи 14 дар таҳрири зайл ифода карда шавад:
«21. Назорати риояи қоидаҳои савдо ва ташкили фаъолияти бозорҳо, ки Қонуни мазкур муқаррар намудааст, тибқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон амалӣ карда мешавад.».
Моддаи 2. Қонуни мазкур пас аз интишори расмӣ мавриди амал қарор дода шавад.
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ РАҲМОН
ш. Душанбе, 8 августи соли 2015, № 1216
Қарори Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон
Дар бораи қабул кардани Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйирот ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи савдо ва хизматрасонии маишӣ»
Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор мекунад:
Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйирот ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи савдо ва хизматрасонии маишӣ» қабул карда шавад.
Раиси Маҷлиси намояндагони
Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Ш. ЗУҲУРОВ
ш. Душанбе, 27 майи соли 2015, № 92
Қарори Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон
Дар бораи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйирот ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи савдо ва хизматрасонии маишӣ»
Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйирот ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи савдо ва хизматрасонии маишӣ»-ро баррасӣ намуда, қарор мекунад:
Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйирот ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи савдо ва хизматрасонии маишӣ» ҷонибдорӣ карда шавад.
Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси
Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон М. УБАЙДУЛЛОЕВ
ш. Душанбе, 21 июли соли 2015, № 91
Баёни ақида (0) Санаи нашр: 12.08.2015 №: 162-163 Мутолиа карданд: 1445