қонунҳои ҶТ
ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
ДАР БОРАИ ВОРИД НАМУДАНИ ИЛОВАҲО БА КОДЕКСИ ҲУҚУҚВАЙРОНКУНИИ МАЪМУРИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
Моддаи 1. Ба моддаи 515 Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки бо Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 31 декабри соли 2008 қабул гардидааст (Ахбори Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, с. 2008, №12, қ. 1, мод. 989; мод. 990; с. 2009, №5, мод. 321; №9-10, мод. 543; с. 2010, №1, мод. 2; мод. 5; №3, мод. 153; №7, мод. 547; №12, қ. 1, мод. 812; с. 2011, №6, мод. 430; мод. 431; №7-8, мод. 610; №12, мод. 838; с. 2012, №4, мод. 256; №7, мод. 685; мод. 693; №8, мод. 814; №12, қ. 1, мод. 1004; с. 2013, №3, мод. 181; №7, мод. 508; с. 2014, №3, мод. 143; мод. 144; №7, қ. 1, мод. 389; мод. 390; Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 18 марти соли 2015, №1179), иловаҳои зерин ворид карда шаванд:
- ба санксияи қисми 1 пас аз калимаҳои «аз шаш то даҳ» калимаҳои «ва ба шахсони ҳуқуқӣ аз панҷоҳ то сад» илова карда шаванд;
- ба санксияи қисми 2 пас аз калимаҳои «аз даҳ то бист» калимаҳои «ва ба шахсони ҳуқуқӣ аз сад то яксаду панҷоҳ» илова карда шаванд.
Моддаи 2. Қонуни мазкур пас аз интишори расмӣ мавриди амал қарор дода шавад.
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ РАҲМОН
ш. Душанбе, 8 августи соли 2015, № 1219
Қарори Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон
Оид ба қабул кардани Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ворид намудани иловаҳо ба Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон»
Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор мекунад:
Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ворид намудани иловаҳо ба Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон» қабул карда шавад.
Раиси Маҷлиси намояндагони
Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Ш.ЗУҲУРОВ
ш. Душанбе, 6 майи соли 2015, № 77
Қарори Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон
Оид ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ворид намудани иловаҳо ба Кодекси ҳуқуқвайронкунии
маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон»
Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ворид намудани иловаҳо ба Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон»-ро баррасӣ намуда, қарор мекунад:
Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ворид намудани иловаҳо ба Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон» ҷонибдорӣ карда шавад.
Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси
Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон М. УБАЙДУЛЛОЕВ
ш. Душанбе, 21 июли соли 2015, № 81
Баёни ақида (0) Санаи нашр: 12.08.2015 №: 162-163 Мутолиа карданд: 1871