қонунҳои ҶТ
ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
ОИД БА ВОРИД НАМУДАНИ ТАҒЙИРУ ИЛОВАҲО БА ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН «ДАР БОРАИ МАҚОМОТИ АМНИЯТИ МИЛЛИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН»
Моддаи 1. Ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 20 марти соли 2008 «Дар бораи мақомоти амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон» (Ахбори Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, с. 2008, № 3, мод. 183; с. 2011, № 6, мод. 457; с. 2013, №7, мод. 513, №12, мод. 886; с. 2014, №11, мод. 654) тағйиру иловаҳои зерин ворид карда шаванд:
1. Номи Қонун бо ҳарфҳои калон навишта шавад.
2. Муқаддимаи Қонун дар таҳрири зайл ифода карда шавад:
«Қонуни мазкур ҳуқуқу ӯҳдадориҳо, таъинот, принсипҳо, вазифаҳо, самтҳои асосии фаъолият ва воситаҳои таъминоти мақомоти амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон, инчунин вазъи ҳуқуқии кормандони онро муқаррар менамояд.».
3. Дар қисми сеюми моддаи 3 калимаи «бевоситаи» ба калимаҳои «бевосита ва идоракунии фаъолияти оперативии» иваз карда шуда, ҷумлаи дуюм бо мазмуни зерин илова карда шавад: «Фармон дар бораи ба вазифа таъин ва аз вазифа озод намудани Раис барои тасдиқ ба ҷаласаи якҷояи Маҷлиси миллӣ ва Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод мегардад.».
4. Дар қисмҳои якум ва дуюми моддаи 10 калимаҳои «фош» ва «фошкунии ин» мувофиқан ба калимаҳои «ифшо» ва «ифшо ё гум кардани чунин» иваз карда шаванд.
5. Дар сархати шашуми моддаи 11 калимаи «муташаккил» ба калимаи «муташаккилона» иваз карда шавад.
6. Дар сархати сеюми қисми якуми моддаи 12 калимаи «ҷинояткорӣ» ба калимаҳои «ҷинояткории муташаккилона» иваз карда шавад.
7. Дар ном ва матни моддаи 15 калимаҳои «ҷинояткорӣ», «муташаккил» ва «ҷиноӣ ва ташкилоти ҷиноӣ» мувофиқан ба калимаҳои «ҷинояткории муташаккилона», «муташаккилона» ва «ҷиноятӣ, иттиҳоди ҷиноятӣ (ташкилоти ҷиноятӣ) ва ташкилотҳои ба онҳо мусоидаткунанда» иваз карда шаванд.
8. Дар сархатҳои сеюм, нуздаҳум ва бистуми моддаи 19 калимаҳои «ҷиноӣ ва ташкилотҳои ҷиноӣ», «ҷиноӣ, ташкилотҳои ҷиноӣ ва» ва «муташаккил» мувофиқан ба калимаҳои «ҷиноятӣ, иттиҳоди ҷиноятӣ (ташкилоти ҷиноятӣ) ва ташкилотҳои ба онҳо мусоидаткунанда», «ҷиноятӣ, иттиҳоди ҷиноятӣ (ташкилоти ҷиноятӣ) ва ташкилотҳои ба онҳо мусоидаткунанда, инчунин» ва «муташаккилона» иваз карда шаванд.
9. Дар сархати сеюми қисми дуюми моддаи 20 калимаи «муташаккил» ба калимаи «муташаккилона» иваз карда шавад.
10. Дар қисми шашуми моддаи 24 калимаҳои «ва ташкилоти ҷиноятӣ» ва «қонунгузорӣ ифшо карда» мувофиқан ба калимаҳои «, иттиҳоди ҷиноятӣ (ташкилоти ҷиноятӣ) ва ташкилотҳои ба онҳо мусоидаткунанда» ва «қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ғайримахфӣ гардонида» иваз карда шуда, пас аз калимаи «розигии» калимаи «хаттии» илова карда шавад.
Моддаи 2. Қонуни мазкур пас аз интишори расмӣ мавриди амал қарор дода шавад.
Президенти Ҷумҳурии
Тоҷикистон Эмомалӣ РАҲМОН
ш. Душанбе, 8 августи соли 2015, № 1213
Қарори Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон
Дар бораи қабул кардани Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи мақомоти амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон»
Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор мекунад:
Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи мақомоти амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон» қабул карда шавад.
Раиси Маҷлиси намояндагони
Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Ш. ЗУҲУРОВ
ш. Душанбе, 24 июни соли 2015, № 111
Қарори Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон
Дар бораи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи мақомоти амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон»
Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи мақомоти амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон»-ро бар¬расӣ намуда, қарор мекунад:
Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи мақомоти амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон» ҷонибдорӣ карда шавад.
Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси
Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон М. УБАЙДУЛЛОЕВ
ш. Душанбе, 21 июли соли 2015, № 87
Баёни ақида (0) Санаи нашр: 12.08.2015 №: 162-163 Мутолиа карданд: 1604