қонунҳои ҶТ
ҚОНУНИ КОНСТИТУТСИОНИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
ОИД БА ВОРИД НАМУДАНИ ТАҒЙИРУ ИЛОВАҲО БА ҚОНУНИ КОНСТИТУТСИОНИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН «ДАР БОРАИ СУДҲОИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН»
Моддаи 1. Ба моддаи 123 Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 26 июли соли 2014 «Дар бораи судҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон» (Ахбори Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, с. 2014, №7, қ. 1, мод. 380) тағйиру иловаҳои зерин ворид карда шаванд:
- дар сархати якум пас аз калимаи «оилавӣ,» калимаи «иқтисодӣ,» илова карда шуда, калимаҳои «ва ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ» ба калимаҳои «, ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ ва дархосту пешниҳодҳо» иваз карда шаванд;
- дар сархати сеюм аломати нуқта ба аломати нуқта вергул «;» иваз карда шавад;
- сархати чорум бо мазмуни зайл илова карда шавад:
«- барои риоя накардани талаботи Кодекси одоби судяи Ҷумҳурии Тоҷикистон.».
Моддаи 2. Қонуни конститутсионии мазкур пас аз интишори расмӣ мавриди амал қарор дода шавад.
Президенти Ҷумҳурии
Тоҷикистон Эмомалӣ РАҲМОН
ш. Душанбе, 8 августи соли 2015, №1212
Қарори Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон
Дар бораи қабул кардани Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи судҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон»
Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор мекунад:
Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи судҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон» қабул карда шавад.
Раиси Маҷлиси
намояндагони Маҷлиси Олии
Ҷумҳурии Тоҷикистон Ш. ЗУҲУРОВ
ш. Душанбе, 29 апрели соли 2015, № 65
Қарори Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон
Дар бораи Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи судҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон»
Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи судҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон»-ро баррасӣ намуда, қарор мекунад:
Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи судҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон» ҷонибдорӣ карда шавад.
Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси
Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон М. УБАЙДУЛЛОЕВ
ш. Душанбе, 21 июли соли 2015, № 79
Баёни ақида (0) Санаи нашр: 12.08.2015 №: 162-163 Мутолиа карданд: 1646