қонунҳои ҶТ
ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
ДАР БОРАИ ТАҲСИЛОТИ МИЁНАИ КАСБӢ
Қонуни мазкур асосҳои ҳуқуқӣ, ташкилӣ, иқтисодӣ ва идоракунии таҳсилоти миёнаи касбӣ, тартиби фаъолияти субъектҳои онро муқаррар намуда, ҳуқуқи шаҳрвандонро ба гирифтани таҳсилоти миёнаи касбӣ таъмин менамояд.
БОБИ 1. МУҚАРРАРОТИ УМУМӢ
Моддаи 1. Мафҳумҳои асосӣ
Дар Қонуни мазкур мафҳумҳои асосии зерин истифода мешаванд:
- барномаи таълимӣ – ҳуҷҷате, ки дар он мазмуни фанни таълимӣ, мақсаду вазифаҳо, тарзи ташкили раванди таълим, талабот ба сатҳи донишу маҳорат ва малакаи таълимгиранда ифода ёфтаанд;
- муассисаи таълимии таҳсилоти миёнаи касбӣ – муассисаи таълимии давлатӣ ва ғайридавлатӣ, новобаста ба шакли ташкилию ҳуқуқӣ, ки раванди муттасили таҳсилоти миёнаи касбиро ба роҳ монда, нақшаю барномаҳои таълимиро амалӣ менамояд;
- нақшаи таълимӣ – ҳуҷҷате, ки омӯзиши фанҳои таълимӣ ва тақсимоти солонаи онҳоро барои тамоми давраи таҳсил дар муассисаҳои таълимӣ муайян менамояд;
- Стандарти давлатии таҳсилоти миёнаи касбӣ – маҷмӯи меъёрҳое, ки мазмуни таҳсилот, моҳияту мӯҳлати таълим, ҳаҷми сарбории таълимӣ, сатҳи азхудкунии донишро аз тарафи таълимгирандагон ифода намуда, талаботи асосӣ ба таъмини раванди таълим, мазмуну мундариҷаи барномаҳои таълимӣ ва баҳогузории сатҳи донишро дар муассисаҳои таълимӣ бо назардошти дастовардҳои миллӣ ва умумибашарӣ муайян мекунанд;
- стандартҳои тахассусии таҳсилоти миёнаи касбӣ – маҷмӯи меъёрҳое, ки талаботи ягонаро барои тахассусҳои таҳсилоти миёнаи касбӣ муқаррар менамоянд;
- такмили ихтисос – низоми афзун намудани маҳорату малакаи касбии омӯзгорон, кормандони илмӣ ва дигар кормандони зинаи таҳсилоти миёнаи касбӣ;
- тахассус – намуд ва дараҷаи омодагии касбии хатмкунанда барои пешбурди фаъолияти касбӣ ё давом додани таҳсил, ки дар ҳуҷҷати дорои таҳсилоти марбута дарҷ гардидаанд;
- таҳсилоти миёнаи касбӣ – зинаи таҳсилот, тарбия ва инкишофи шахсияти таълимгиранда, ки дар муассисаҳои таълимии таҳсилоти миёнаи касбӣ ба роҳ монда шуда, ба онҳо шаҳрвандон метавонанд баъди хатми муассисаҳои таълимии таҳсилоти умумии асосӣ, миёнаи умумӣ ва ибтидоии касбӣ дохил шаванд;
- таҷрибаомӯзии истеҳсолӣ (касбӣ) – қисми амалии раванди таълиму тарбия, ки аз ҷониби муассисаи таълимии таҳсилоти миёнаи касбӣ дар мувофиқа бо муассисаю ташкилотҳои соҳаи дахлдор ба роҳ монда мешавад;
- таълимгиранда – тарбиягиранда, хонанда, донишҷӯй, шунавандаи муассисаи таълимии таҳсилоти миёнаи касбӣ;
- устои таълими истеҳсолӣ – шахси дорои таҳсилоти касбии муҳандисию омӯзгорӣ, ки машғулиятҳои амалӣ ва таълими истеҳсолиро ба нақша мегирад ва онҳоро ба таълимгирандагон омӯзонида, ба касб интихоб карданашон мусоидат менамояд;
- ҳуҷҷат дар бораи таҳсилот – ҳуҷҷати намунаи давлатие, ки ба шахсони аз аттестатсияи давлатии хатми муассисаҳои таълимии таҳсилоти миёнаи касбӣ гузашта дода мешавад.
Моддаи 2. Қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи таҳсилоти миёнаи касбӣ
Қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи таҳсилоти миёнаи касбӣ ба Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон асос ёфта, аз Қонуни мазкур, дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон, инчунин санадҳои ҳуқуқии байналмилалие, ки Тоҷикистон онҳоро эътироф кардааст, иборат мебошад.
Моддаи 3. Принсипҳои сиёсати давлатӣ дар соҳаи таҳсилоти миёнаи касбӣ
Сиёсати давлатӣ дар соҳаи таҳсилоти миёнаи касбӣ тибқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон дар заминаи дурнамо, консепсия, стратегия ва барномаҳои давлатии рушди соҳаи маориф амалӣ гардида, ба принсипҳои зерин асос меёбад:
- дастрас будани таҳсилоти миёнаи касбӣ;
- баланд бардоштани мақоми низоми таҳсилоти миёнаи касбӣ дар кишвар;
- хусусияти башардӯстона ва дунявӣ доштани таълим ва тарбия;
- пайдарҳамӣ ва муттасилии раванди таълиму тарбия;
- дастгирии маърифатнокӣ ва истеъдодҳо;
- истифодаи имкониятҳои таҳсилоти миёнаи касбӣ барои ҳифз ва рушди фарҳанги миллӣ;
- расонидани ёрии иҷтимоӣ ба донишҷӯёни муассисаҳои таълимии таҳсилоти миёнаи касбӣ;
- таъмини рушди бомароми низоми таҳсилоти миёнаи касбӣ.
Моддаи 4. Кафолатҳои давлатӣ дар соҳаи таҳсилоти миёнаи касбӣ
Давлат афзалияти дастрасии таҳсилоти миёнаи касбиро бо роҳҳои зерин ба шаҳрвандон кафолат медиҳад:
- дар доираи фармоишҳои давлатӣ дар асоси озмун як маротиба гирифтани таълими ройгон дар муассисаҳои таълимии давлатии таҳсилоти миёнаи касбӣ;
- таъмини ҳуқуқ ва ҳифзи манфиатҳои иҷтимоии таълимгирандагон дар низоми давлатии таҳсилоти миёнаи касбӣ;
- муҳайё кардани шароит барои таъмини дастрасии баробар ба таҳсилоти миёнаи касбӣ;
- таъмини интихоби озоди шаклҳои таҳсилоти миёнаи касбӣ, муассисаи таълимӣ ва тахассус;
- расонидани ёрӣ ва дастгирии таълимгирандагони болаёқат аз рӯи имконият;
- ҳуқуқи баробари хатмкардагони муассисаҳои таълимии таҳсилоти миёнаи касбӣ, новобаста ба шакли ташкилию ҳуқуқӣ, барои идомаи таҳсил дар зинаҳои минбаъдаи таҳсилот;
- таъминот, хароҷот ва таҳсили кӯдакони ятиму бепарастор, кӯдакони дорои имконияти маҳдуд, кӯдакони маъюб ва шахсони дигар, ки қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян намудааст, аз ҳисоби маблағҳои буҷети давлатӣ дар муассисаҳои таълимии таҳсилоти миёнаи касбии давлатӣ;
- таъмини ҳуқуқи шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон, шаҳрвандони хориҷӣ ва шахсони бешаҳрванди муқими Ҷумҳурии Тоҷикистон барои интихоби муассисаи таълимӣ ва шакли таҳсил.
БОБИ 2. НИЗОМИ ТАҲСИЛОТИ МИЁНАИ КАСБӢ
Моддаи 5. Низоми таҳсилоти миёнаи касбӣ
Низоми таҳсилоти миёнаи касбӣ аз сохторҳои зерин иборат мебошад:
- Стандарти давлатии таҳсилоти миёнаи касбӣ;
- стандартҳои тахассусии таҳсилоти миёнаи касбӣ;
- муассисаҳои таълимии таҳсилоти миёнаи касбӣ;
- барномаҳои таълимӣ;
- шакл ва меъёри гирифтани таҳсилоти миёнаи касбӣ;
- субъектҳои раванди таълиму тарбия дар зинаи таҳсилоти миёнаи касбӣ;
- мақомоти идоракунии таҳсилоти миёнаи касбӣ.
Моддаи 6. Стандарти давлатии таҳсилоти миёнаи касбӣ, стандартҳои тахассусии таҳсилоти миёнаи касбӣ ва барномаҳои таълимӣ
1. Барои зинаи таҳсилоти миёнаи касбӣ Стандарти давлатии таҳсилоти миёнаи касбӣ муқаррар карда мешавад, ки он аз нишондиҳандаҳои зерин иборат аст:
- ҳадди ақалли ҳатмии мазмуни барномаи таълимӣ ва шарту шароити иҷрои он;
- ҳаҷми ҳадди ақал ва ниҳоии соатҳои таълимӣ;
- талаботи асосӣ ва дараҷаи тайёрии хатмкунандагон;
- мӯҳлати азхудкунии барномаҳои таълимӣ.
2. Стандартҳои тахассусии таҳсилоти миёнаи касбӣ:
- муқаррар намудани маҷмӯи таъминоти таълимию методӣ, тартиб додани нақша ва барномаҳои таълимӣ, адабиёти таълимӣ ва методӣ, муқаррарот оид ба назорати таҳсилоти миёнаи касбиро дар бар мегиранд;
- талаботи ягонаро барои тахассусҳои таҳсилоти миёнаи касбӣ муқаррар менамоянд;
- давра ба давра вобаста ба талаботи муосир таҷдид карда мешаванд;
- бо тартиби муқаррарнамудаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳия ва тасдиқ карда мешаванд.
3. Барномаҳои таълимии таҳсилоти миёнаи касбӣ аз рӯи шакл ба барномаҳои таълимии таҳсилоти миёнаи касбӣ ва таҳсилоти умумӣ тақсим карда мешаванд, ки:
- барои ноил гаштан ба татбиқи стандартҳои давлатии таҳсилот, муттасил баланд бардоштани сатҳи омодагии касбӣ ва таҳсилоти таълимгирандагон, омодагии босифати онҳо чун кормандони соҳибтахассус равона карда шудаанд;
- мундариҷаи таҳсилоти миёнаи касбиро муайян менамоянд;
- бо тартиби муайяннамудаи мақоми ваколатдори давлатӣ дар соҳаи маориф таҳия ва тасдиқ карда мешаванд.
Моддаи 7. Муассисаҳои таълимии таҳсилоти миёнаи касбӣ
1. Муассисаҳои таълимии таҳсилоти миёнаи касбӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шакли давлатӣ, ғайридавлатӣ, муштарак ва байналмилалӣ фаъолият менамоянд.
2. Муассисаҳои таълимии таҳсилоти миёнаи касбӣ шахсони ҳуқуқӣ буда, дар намудҳои зерин фаъолият менамоянд:
- коллеҷҳо;
- коллеҷҳои сохтории муассисаҳои таълимии таҳсилоти олии касбӣ, ки таъсис ва тартиби фаъолияташонро қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян менамояд.
3. Муассисаҳои таълимии таҳсилоти миёнаи касбӣ метавонанд дар доираи фармоиши давлатӣ ройгон ва берун аз доираи фармоиши давлатӣ тибқи қарордод пулакӣ фаъолият намоянд.
Моддаи 8. Муассисони муассисаҳои таълимии таҳсилоти миёнаи касбӣ
1. Муассисони муассисаҳои таълимии таҳсилоти миёнаи касбӣ шуда метавонанд:
- мақомоти марказии ҳокимияти давлатӣ;
- мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ;
- шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ;
- иттиҳодияҳои (ассотсиатсияҳои, иттифоқҳои) муассисаҳои таълимӣ;
- шахсони воқеӣ ва ҳуқуқии хориҷӣ бо тартиби муқаррарнамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон.
2. Муносибатҳои байни муассисон ва муассисаҳои таълимии таҳсилоти миёнаи касбӣ тибқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон танзим карда мешаванд.
Моддаи 9. Оинномаи муассисаҳои таълимии таҳсилоти миёнаи касбӣ
1. Оинномаи муассисаҳои таълимии таҳсилоти миёнаи касбӣ тибқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳия гардида, дорои маълумотҳои зерин мебошад:
- ном, мақом ва маҳалли ҷойгиршавии муассисаи таълимӣ;
- муассис (муассисон);
- санаи таъсисёбӣ;
- шакли ташкилию ҳуқуқӣ;
- шӯъба, филиал, намояндагиҳо, паркҳои технологӣ, муассисаҳои таълимии таҳсилоти умумӣ ва ибтидоии касбӣ ва дигар воҳидҳои сохторӣ;
- мақсади раванди таълиму тарбия, намуд ва шаклҳои барномаҳои татбиқшавандаи таълимӣ;
- тавсифи асосии ташкили раванди таълим, аз ҷумла забони таълим, тартиби хориҷ ва барқарор намудани таълимгирандагон, мӯҳлати таҳсил, тартиби гузаронидани санҷишу имтиҳонҳо, реҷаи кори муассисаи таълимӣ, тартиботи дохилии фаъолияти муассиса, инчунин хизматрасонии пулакӣ ва тартиби пешниҳоди он;
- тартиби ба расмият даровардани муносибатҳои муассисаи таълимии таҳсилоти миёнаи касбӣ бо таълимгирандагон ва падару модари (шахсони ивазкунандаи) онҳо;
- сохтори фаъолияти молиявӣ ва хоҷагидории муассисаи таълимии таҳсилоти миёнаи касбӣ, аз ҷумла тартиби ташаккул ва истифодаи объектҳои моликият, манбаъҳои маблағгузорӣ ва таъминоти моддию техникӣ, намудҳои фаъолияти соҳибкорӣ ва хизматрасониҳои пулакӣ;
- тартиби идоракунии муассисаи таълимии таҳсилоти миёнаи касбӣ, аз ҷумла салоҳияти муассис ( муассисон), тартиби ба кор қабул намудан, ҷобаҷогузории кормандон, шартҳои пардохти музди меҳнати онҳо, тартиби ворид намудани тағйиру иловаҳо ба оинномаи муассиса, тартиби азнавташкилдиҳӣ ва барҳамдиҳии муассисаи таълимӣ;
- ҳуқуқ ва ӯҳдадориҳои иштирокчиёни раванди таълиму тарбия.
2. Оинномаи муассисаҳои таълимии таҳсилоти миёнаи касбиро муассиса таҳия намуда, баъд аз тасдиқи муассис (муассисон) бо тартиби муқарраргардида аз қайди давлатӣ мегузаронад.
Моддаи 10. Тартиби қабули таълимгирандагон ба муассисаҳои таълимии таҳсилоти миёнаи касбӣ
1. Тартиби қабули таълимгирандагон ба муассисаҳои таълимии таҳсилоти миёнаи касбӣ тибқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян карда мешавад.
2. Қабули таълимгирандагон ба муассисаҳои таълимии таҳсилоти миёнаи касбӣ метавонад аз тариқи имтиҳонҳои марказонидаи дохилшавӣ, ки тартиби ташкил ва гузаронидани онро Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ менамояд, амалӣ карда шавад.
3. Шумораи умумии қабули таълимгирандагонро, ки барои таҳсил аз ҳисоби маблағҳои буҷети давлатӣ қабул карда мешаванд, ҳар сол мақомоти дахлдори давлатӣ мутобиқи меъёрҳои муқарраршуда муайян менамоянд.
4. Шаҳрвандони хориҷӣ ва шахсони бешаҳрванд ба муассисаҳои таълимии таҳсилоти миёнаи касбӣ дар асоси шартнома қабул карда мешаванд.
Моддаи 11. Таҳсил дар муассисаҳои таълимии таҳсилоти миёнаи касбӣ
1. Мӯҳлати таҳсил дар муассисаҳои таълимии таҳсилоти миёнаи касбӣ барои шахсони дорои таҳсилоти умумии асосӣ то 4 сол, барои шахсони дорои таҳсилоти миёнаи умумӣ то 3 сол ва барои шахсоне, ки муассисаҳои таълимии соҳаи тиб ва фарҳангро мувофиқ ба хусусиятҳои тахассусҳо хатм менамоянд, то 4 сол муқаррар карда мешавад.
2. Таҳсил дар муассисаҳои таълимии таҳсилоти миёнаи касбӣ дар шакли рӯзона, ғоибона, шабона, фосилавӣ ва экстернат ташкил карда мешавад, ки тартиби амалишавии онҳоро мақоми ваколатдори давлатӣ дар соҳаи маориф муайян менамояд.
3. Шаклҳои таҳсил дар муассисаҳои таълимии таҳсилоти миёнаи касбӣ бо назардошти талабот ва имкониятҳои таълимгирандагон интихоб карда мешаванд.
4. Номгӯи тахассусҳое, ки аз рӯи онҳо имконияти гирифтани таҳсилоти миёнаи касбӣ танҳо дар шакли рӯзона мумкин аст, аз ҷониби мақоми ваколатдори давлатӣ дар соҳаи маориф, вазорату идораҳое, ки дар сохтори худ муассисаҳои таълимии таҳсилоти миёнаи касбӣ доранд, муқаррар карда мешавад.
5. Раванди таълим дар муассисаҳои таълимии таҳсилоти миёнаи касбӣ метавонад тавассути низоми кредитӣ ва ё анъанавӣ амалӣ карда шавад.
6. Таълимгирандагоне, ки дар коллеҷҳои сохторӣ таҳсилро аз рӯи барномаи таълимии таҳсилоти миёнаи касбӣ ба итмом нарасонидаанд, вале аз аттестатсияи ҷорӣ бомуваффақият гузаштаанд, метавонанд таҳсилро ба тариқи гузариш бо тартиби муқаррарнамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон дар дигар муассисаҳои таълимӣ давом диҳанд.
7. Ҳуҷҷати намунаи давлатӣ дар бораи хатми зинаи таҳсилоти миёнаи касбӣ, ки бо мӯҳри муассисаи таълимӣ тасдиқ шудааст, шарти асосии идомаи таҳсил дар зинаи минбаъдаи таҳсилоти касбӣ ба ҳисоб меравад.
8. Таълимгирандагоне, ки бо таҳсилоти миёнаи асосӣ дар муассисаҳои таълимии таҳсилоти миёнаи касбӣ таҳсил менамоянд, дар баробари гирифтани тахассус таҳсилоти миёнаи умумӣ низ гирифта метавонанд.
Моддаи 12. Ҳуҷҷатҳо оид ба таҳсилоти миёнаи касбӣ
1. Муассисаҳои таълимии таҳсилоти миёнаи касбӣ пас аз гирифтани иҷозатнома доир ба пешбурди фаъолияти таълимӣ ва гузаштан аз аккредитатсияи давлатӣ ҳуқуқи додани ҳуҷҷатҳои намунаи давлатӣ дар бораи таҳсилоти миёнаи касбиро пайдо мекунанд.
2. Ба таълимгирандагоне, ки таҳсилро аз рӯи барномаҳои таълимии таҳсилоти миёнаи касбӣ анҷом додаанд ва аз аттестатсияи хатм гузаштаанд, ҳуҷҷати намунаи давлатӣ дар бораи таҳсилоти марбута дода мешавад.
3. Ба таълимгирандагоне, ки аз аттестатсияи хатм нагузаштаанд ё зинаи таҳсилотро пурра ба охир нарасонидаанд, маълумотнома дода мешавад. Аттестатсияи такрории хатм барои шахсони мазкур бо тартиби муайяннамудаи мақоми ваколатдори давлатӣ дар соҳаи маориф гузаронида мешавад.
4. Муассисаҳои таълимии таҳсилоти миёнаи касбӣ, ки шаҳодатномаи аккредитатсияи давлатӣ доранд, ба хатмкунандагон дар бораи таҳсилоти марбута ҳуҷҷати намунаи давлатӣ медиҳанд. Ҳуҷҷати намунаи давлатиро Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ мекунад.
5. Муассисаҳои таълимии ғайридавлатӣ, ки аз аккредитатсияи давлатӣ нагузаштаанд, ҳуҷҷати намунаи давлатӣ дар бораи таҳсилотро бо мӯҳри худ тасдиқ мекунанд.
6. Муассисаҳои таълимии ғайридавлатӣ, ки аз аккредитатсияи давлатӣ гузаштаанд, ба хатмкунандагони худ намунаи ҳуҷҷатҳоеро месупоранд, ки бо ҳуҷҷатҳои намунаи давлатӣ эътибори баробар доранд.
7. Ҳуҷҷате, ки ба итмом расидани таҳсилоти касбиро тасдиқ мекунад, диплом дар бораи таҳсилоти миёнаи касбӣ барои хатмкунандагони муассисаҳои таълимии таҳсилоти миёнаи касбӣ мебошад.
Моддаи 13. Тартиби таъсис, иҷозатномадиҳӣ, аттестатсия, аккредитатсия, азнавташкилдиҳӣ ва барҳамдиҳии муассисаҳои таълимии таҳсилоти миёнаи касбӣ
1. Муассисаҳои таълимии таҳсилоти миёнаи касбӣ тибқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон таъсис дода шуда, аз қайди давлатӣ мегузаранд.
2. Ба муассисаҳои таълимии таҳсилоти миёнаи касбӣ бо тартиби муқаррарнамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон иҷозатнома доир ба пешбурди фаъолияти таълимӣ дода мешавад.
3. Муассисаҳои таълимии таҳсилоти миёнаи касбӣ танҳо пас аз гирифтани иҷозатнома доир ба пешбурди фаъолияти таълимӣ ба истифодаи имтиёзҳои пешбининамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳуқуқ пайдо менамоянд.
4. Аттестатсия ва аккредитатсияи муассисаҳои таълимии таҳсилоти миёнаи касбии Ҷумҳурии Тоҷикистон, новобаста ба шакли ташкилию ҳуқуқии онҳо, тибқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон гузаронида мешаванд.
5. Шаҳодатнома дар бораи аккредитатсияи давлатӣ вазъи ҳуқуқии муассисаҳои таълимии таҳсилоти миёнаи касбӣ, феҳристи самтҳои таълим (тахассусҳо)-ро, ки аз аккредитатсияи давлатӣ гузаштаанд ва аз рӯи он муассисаҳои таълимии таҳсилоти миёнаи касбӣ ҳуқуқ доранд ба хатмкунандагон ҳуҷҷатҳои намунаи давлатиро дар бораи таҳсилоти миёнаи касбӣ диҳанд, ҳамчунин зинаҳои таҳсилот ва тахассусро муқаррар менамояд.
6. Филиалҳои муассисаҳои таълимии таҳсилоти миёнаи касбии давлатҳои хориҷӣ дар асоси шартномаҳои байнидавлатӣ бо тартиби муқаррарнамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон таъсис ёфта, баъди гирифтани иҷозатнома доир ба пешбурди фаъолияти таълимӣ дар доираи барномаҳои таълимӣ ва стандартҳои давлатии таҳсилоти Ҷумҳурии Тоҷикистон фаъолият менамоянд.
7. Азнавташкилдиҳӣ ва барҳамдиҳии муассисаҳои таълимии таҳсилоти миёнаи касбӣ тибқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон сурат мегиранд.
БОБИ 3. НИЗОМИ ИДОРАКУНИИ
ТАҲСИЛОТИ МИЁНАИ КАСБӢ
Моддаи 14. Низоми идоракунии таҳсилоти миёнаи касбӣ ва сохтори он
1. Ба низоми идоракунии таҳсилоти миёнаи касбӣ мақомоти марказии ҳокимияти давлатӣ, мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ, мақомоти идоракунии ҷамъиятии таҳсилоти миёнаи касбӣ, муассиси (муассисони) муассисаҳои таълимии таҳсилоти миёнаи касбӣ ва маъмурияти муассисаҳои таълимии таҳсилоти миёнаи касбӣ дохил мешаванд.
2. Фаъолияти мақомоти идоракунӣ ба таъмини иҷрои барномаи давлатии рушди маориф дар зинаи таҳсилоти миёнаи касбӣ, риояи Стандарти давлатии таҳсилоти миёнаи касбӣ, амалӣ гардидан ва рушди низоми таҳсилоти миёнаи касбӣ мутобиқи талаботи иқтисодиёти бозорӣ ва равандҳои иҷтимоӣ дар ҷомеа нигаронида мешавад.
3. Ваколатҳои мақомоти давлатӣ ва мақомоти идоракунии ҷамъиятии таҳсилоти миёнаи касбӣ тибқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон муқаррар карда мешаванд.
4. Идоракунии давлатию ҷамъиятии таҳсилоти миёнаи касбӣ самти афзалиятноки идоракунии низоми таҳсилоти миёнаи касбӣ буда, фаъолияти субъектҳои идоракунии шакли ҷамъиятӣ ва давлатиро танзим намуда, ба амалишавӣ ва рушди он равона шудааст.
5. Сохтори ташкилии низоми идоракунии давлатию ҷамъиятии таҳсилоти миёнаи касбӣ аз инҳо иборат аст:
- мақомоти марказӣ ва маҳаллии ҳокимияти давлатӣ;
- мақомоти идоракунии давлатии таҳсилоти миёнаи касбӣ;
- мақомоти идоракунии давлатию ҷамъиятии таҳсилоти миёнаи касбӣ (маҷлисҳои умумӣ, конфронсҳои иштирокчиёни раванди таълимӣ) ва шӯроҳои ҷамъиятие, ки аз ҳисоби намояндагони таълимгирандагон, падару модарон (шахсони онҳоро ивазкунанда) ва кормандони соҳаи омӯзгорӣ интихоб шудаанд.
6. Тартиби ташкил ва фаъолияти мақомоти идоракунии давлатию ҷамъиятии таҳсилоти миёнаи касбӣ тибқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон муқаррар мегардад.
Моддаи 15. Моҳият, мақсад ва принсипҳои идоракунии таҳсилоти миёнаи касбӣ
1. Идоракунии таҳсилоти миёнаи касбӣ маҷмӯи чорабиниҳоро оид ба танзими фаъолияти муассисаҳои таълимӣ барои дар амал татбиқ намудани мақсадҳои ин зинаи таҳсилот дар бар мегирад.
2. Мақсадҳои асосии идоракунии таҳсилоти миёнаи касбӣ инҳо мебошанд:
- таъмини ҳамаҷонибаи низоми таҳсилоти миёнаи касбӣ, ки ба ташкили фаъолият ва инкишофи он равона шудааст;
- татбиқи сиёсати давлатӣ оид ба ташкили фаъолият ва рушди низоми таҳсилоти миёнаи касбӣ, ки барои қонеъ намудани талаботи марбутаи таълимии таълимгирандагон равона шудааст;
- татбиқи ҳуқуқи шаҳрвандон барои гирифтани таҳсилоти миёнаи касбӣ, ки иштироки таълимгирандагонро дар идоракунии муассисаи марбута таъмин менамояд.
3. Принсипҳои асосии идоракунии таҳсилоти миёнаи касбӣ инҳо мебошанд:
- ҳамгироии идоракунии ҷамъиятӣ ва худидоракунии иштирокчиёни раванди таълиму тарбия;
- ҷанбаи демократӣ ва давлатӣ-ҷамъиятии идоракунӣ;
- мустақилияти муассисаҳои таълимии таҳсилоти миёнаи касбӣ;
- қабули санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ ва барномаҳои умумидавлатии марбут ба таҳсилоти миёнаи касбӣ ва татбиқи онҳо аз ҷониби мақомоти давлатӣ дар ҳамкорӣ бо ташкилотҳои ҷамъиятии дар идоракунии таҳсилоти миёнаи касбӣ иштироккунанда;
- ҳамроҳшавӣ ба барномаҳои байналмилалӣ ва санадҳои байналмилалии марбута.
Моддаи 16. Салоҳият ва ваколатҳои мақомоти давлатӣ дар соҳаи таҳсилоти миёнаи касбӣ
1. Ба салоҳияти Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаи таҳсилоти миёнаи касбӣ мансубанд:
- тасдиқи дурнамо, консепсия, стратегия ва барномаҳои давлатии таҳсилоти миёнаи касбӣ ва низомномаи намунавии муассисаи таълимии таҳсилоти миёнаи касбӣ, Стандарти давлатии таҳсилоти миёнаи касбӣ, тартиби таҳия ва тасдиқи стандартҳои тахассусии таҳсилоти миёнаи касбӣ;
- муайян намудани меъёрҳои таъминоти моддию техникӣ ва молиявии таҳсилоти миёнаи касбӣ, инчунин кафолатҳои иҷтимоии кормандони соҳаи таҳсилоти миёнаи касбӣ ва таълимгирандагони муассисаи таълимии таҳсилоти миёнаи касбӣ;
- тасдиқ намудани шакли ҳуҷҷати намунаи давлатӣ дар бораи таҳсилоти миёнаи касбӣ;
- амалӣ намудани салоҳиятҳои дигар тибқи санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон.
2. Ба ваколатҳои мақоми ваколатдори давлатӣ дар соҳаи маориф оид ба таҳсилоти миёнаи касбӣ дохил мешаванд:
- амалӣ намудани сиёсати давлатӣ дар соҳаи таҳсилоти миёнаи касбӣ;
- роҳбарии умумӣ ба таҳсилоти миёнаи касбӣ;
- тасдиқи нақша ва барномаҳои таълимии таҳсилоти миёнаи касбӣ ва назорати иҷрои онҳо;
- муайян намудани самтҳои афзалиятноки рушди таҳсилоти миёнаи касбӣ;
- назорати иҷрои вазифаҳои таҳсилоти миёнаи касбӣ ва роҳбарии илмию методии раванди таълиму тарбия;
- бо тартиби муқарраргардида додани иҷозатнома ба муассисаҳои таълимии таҳсилоти миёнаи касбӣ доир ба пешбурди фаъолияти таълимӣ;
- бо тартиби муқарраргардида ташкил ва гузаронидани аттестатсияи кормандони дахлдори муассисаҳои таълимии таҳсилоти миёнаи касбӣ, аттестатсия ва аккредитатсияи муассисаҳои таълимии таҳсилоти миёнаи касбии дахлдор;
- амалӣ намудани ҳамкориҳои байналмилалӣ дар соҳаи таҳсилоти миёнаи касбӣ;
- амалӣ намудани ваколатҳои дигар тибқи санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон.
3. Ба ваколатҳои вазорату идораҳое, ки дар сохтори худ муассисаҳои таълимии таҳсилоти миёнаи касбӣ доранд, дохил мешаванд:
- таъмини раванди таҳсилоти миёнаи касбӣ тибқи талаботи низомномаи намунавии муассисаи таълимии таҳсилоти миёнаи касбӣ, Стандарти давлатии таҳсилоти миёнаи касбӣ, стандартҳои тахассусии таҳсилоти миёнаи касбӣ, нақша ва барномаҳои таҳсилоти миёнаи касбӣ;
- ташкил ва гузаронидани такмили ихтисос, бозомӯзӣ, таҳсилоти иловагӣ, аттестатсияи омӯзгорон ва кормандони ихтисосҳои (фанҳои) тахассусии муассисаҳои таълимии таҳсилоти миёнаи касбӣ;
- роҳбарии умумӣ ва назорати фаъолияти муассисаҳои таълимии таҳсилоти миёнаи касбӣ ва маблағгузории онҳо;
- баррасӣ ва пешниҳоди нақша ва барномаҳои таълимӣ, адабиёти таълимии (ғайр аз адабиёти илмию таълимии тахассусӣ ва соҳавӣ) муассисаҳои таълимии таҳсилоти миёнаи касбии сохтории худ барои тасдиқ ба мақоми ваколатдори давлатӣ дар соҳаи маориф ва нашри онҳо вобаста ба имкониятҳои молиявӣ;
- бо тартиби муқарраргардида иштирок намудан дар раванди назорат, аттестатсия ва аккредитатсияи давлатии муассисаҳои таълимии таҳсилоти миёнаи касбӣ ва иҷозатномадиҳӣ ба онҳо;
- амалӣ намудани ваколатҳои дигар тибқи санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон.
4. Ба ваколатҳои мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ дар соҳаи таҳсилоти миёнаи касбӣ дохил мешаванд:
- ба роҳ мондани маблағгузории муассисаҳои таълимии таҳсилоти миёнаи касбии давлатӣ ва таҳкими заминаи моддию техникии онҳо дар доираи меъёрҳои муқарраргардида;
- таъмини ҳифзи иҷтимоии таълимгирандагон ва кормандони соҳаи таҳсилоти миёнаи касбӣ;
- дастгирии молиявии муассисаҳои таълимии таҳсилоти миёнаи касбӣ дар доираи имкониятҳои буҷети давлатӣ;
- амалӣ намудани ваколатҳои дигар тибқи санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон.
Моддаи 17. Назорати давлатӣ дар соҳаи таҳсилоти миёнаи касбӣ
1. Назорати давлатӣ дар соҳаи таҳсилоти миёнаи касбӣ ба таъмини татбиқи сиёсати давлатӣ, такмили сифати омодасозии хатмкунандагон, истифодаи мақсадноки маблағҳои буҷети давлатӣ ва риояи стандартҳои давлатӣ дар низоми таҳсилоти миёнаи касбӣ нигаронида шудааст.
2. Тартиби амалӣ намудани назорати давлатӣ дар соҳаи таҳсилоти миёнаи касбӣ аз ҷониби мақоми ваколатдори давлатӣ дар соҳаи маориф муқаррар карда мешавад.
БОБИ 4. ҲУҚУҚ ВА ӮҲДАДОРИҲОИ СУБЪЕКТҲОИ ТАҲСИЛОТИ МИЁНАИ КАСБӢ
Моддаи 18. Субъектҳои таҳсилоти миёнаи касбӣ
Ба субъектҳои таҳсилоти миёнаи касбӣ дохил мешаванд:
- таълимгирандагони муассисаҳои таълимии таҳсилоти миёнаи касбӣ;
- кормандони соҳаи омӯзгорӣ (омӯзгорон, устоҳои таълими истеҳсолӣ, ходимони илмӣ);
- кормандони муассисаҳои таълимии таҳсилоти миёнаи касбӣ;
- падару модарони (шахсони онҳоро ивазкунандаи) таълимгирандагон;
- намояндагони муассисаву дигар ташкилотҳои ҷамъиятӣ, иттифоқҳои касаба, дигар шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ, ки дар фаъолияти муассисаҳои таълимӣ иштирок мекунанд.
Моддаи 19. Ҳуқуқ ва ӯҳдадориҳои субъектҳои таҳсилоти миёнаи касбӣ
1. Таълимгирандагони муассисаҳои таълимии таҳсилоти миёнаи касбие, ки аз аккредитатсияи давлатӣ гузаштаанд, баъди анҷоми таҳсил ҳуқуқи гирифтани таҳсилотро дар зинаи минбаъдаи таҳсилот доранд ва метавонанд ба муассисаҳои дигари таълимии таҳсилоти миёнаи касбӣ, ки иҷрои барномаҳои таълимии ба ҳамон сатҳ ва тахассус мувофиқро таъмин мекунанд, ба таври истисно гузаранд. Тартиби мазкурро мақоми ваколатдори давлатӣ дар соҳаи маориф муайян мекунад.
2. Таълимгирандагони муассисаҳои таълимии давлатии таҳсилоти миёнаи касбӣ бо стипендия, ёрдампулӣ, хизматрасонии тиббӣ ва солимгардонӣ, инчунин дастгирии дигари моддие, ки санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон муқаррар намудаанд, таъмин карда мешаванд.
3. Таълимгирандагон ҳангоми таҷрибаомӯзии истеҳсолӣ (касбӣ) бо тартиби муқарраргардида бо ҷойи кор, шароити бехатари меҳнат ва дар асоси шартнома оид ба тайёр намудани кадрҳо бо музди меҳнат таъмин карда мешаванд.
4. Таълимгирандагоне, ки дар муассисаҳои таълимии таҳсилоти миёнаи касбии давлатӣ дар асоси шартнома таҳсил менамоянд, ҳуқуқ доранд бо тартиби муқаррарнамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ба гурӯҳҳои таҳсили ройгон гузаранд.
5. Таълимгирандагони муассисаҳои таълимии таҳсилоти миёнаи касбӣ ӯҳдадоранд:
- интизоми таълим, қоидаҳои тартиботи дохилӣ ва оинномавии муассисаҳои таҳсилоти миёнаи касбиро риоя намоянд;
- донишҳои назариявию амалӣ омӯзанд ва маҳорати касбиро аз рӯи тахассуси интихобнамуда ба даст оранд;
- дар мӯҳлати муқарраргардида талаботҳои дар нақша ва барномаҳои таълимӣ пешниҳодшударо иҷро намоянд.
6. Кормандони соҳаи омӯзгорӣ ва кормандони муассисаҳои таълимии таҳсилоти миёнаи касбӣ ҳуқуқ доранд:
- шараф ва эътибори касбияшонро ҳимоя намоянд;
- бо тартиби муқаррарнамудаи оиннома дар идора кардани муассисаҳои таҳсилоти миёнаи касбӣ иштирок намоянд;
- ба мақомоти идоракунии ҷамъиятӣ намояндагони худро интихоб кунанд ва худ интихоб шаванд, дар муҳокима ва ҳалли масъалаҳои алоқаманд ба фаъолияти муассисаҳои таълимӣ, аз ҷумла ба воситаи мақомоти идоракунии ҷамъиятӣ, иштирок намоянд;
- бо тартиби муқаррарнамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ба фармоиши роҳбарияти муассисаҳои таълимии таҳсилоти миёнаи касбӣ шикоят кунанд;
- хизматрасонии воҳидҳои сохторӣ, аз ҷумла китобхона, хадамоти шӯъбаҳои иҷтимоию маишӣ, муолиҷавӣ ва ҷузъҳои дигари муассисаҳои таълимии таҳсилоти миёнаи касбӣ, инчунин захираҳои иттилоотиро мувофиқи оинномаи онҳо ва (ё) шартномаи коллективӣ ба таври ройгон истифода баранд.
7. Кормандони соҳаи омӯзгорӣ ва кормандони муассисаҳои таълимии таҳсилоти миёнаи касбӣ ӯҳдадоранд:
- самаранокии раванди таълиму тарбияро таъмин кунанд;
- савияи донишу ихтисоси худро пайваста баланд бардоранд;
- вазифаҳои ба зиммаи онҳо гузошташударо босифат иҷро намоянд;
- аз рафтор ва суханҳое, ки боиси мураккаб гардидани фазои ахлоқию маънавии муассисаҳои таълимӣ мегарданд, худдорӣ намоянд.
8. Ҳуқуқ ва ӯҳдадориҳои падару модарони (шахсони онҳоро ивазкунандаи) таълимгирандагон тибқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон муқаррар карда мешаванд.
9. Субъектҳои таҳсилоти миёнаи касбӣ дорои ҳуқуқ ва ӯҳдадориҳои дигаре низ мебошанд, ки қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ва оинномаи муассисаҳои таълимӣ муқаррар намудаанд.
Моддаи 20. Ҳуқуқу ӯҳдадориҳои муассисаҳои таълимии таҳсилоти миёнаи касбӣ
1. Муассисаҳои таълимии таҳсилоти миёнаи касбӣ дорои ҳуқуқҳои зерин мебошанд:
- мустақилият дар амалӣ намудани раванди таълиму тарбия, интихоб ва ҷобаҷогузории кадрҳо, фаъолияти илмӣ ва молиявию хоҷагидорӣ дар доираи меъёрҳои муқаррарнамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ва оинномаи муассисаи таълимӣ;
- таҳияи оинномаи худ, ба муассис (муассисон) барои тасдиқ пешниҳод намудан ва тибқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон гузаронидани он аз қайди давлатӣ;
- таҳия ва тасдиқи қоидаҳои тартиботи дохилии муассисаи худ ва назорат намудани иҷрои онҳо;
- таҳия ва тасдиқи нақшаи кории раванди таълим, ҷадвали солонаи таҳсил ва ҷадвали дарсҳо;
- ҷорӣ намудани усулҳои фаъоли таълимӣ ба раванди таълиму тарбия;
- назорат намудани сатҳи сифати таълим ба воситаи гузаронидани аттестатсияи мобайнӣ ва хатми давлатии таълимгирандагон;
- ҷорӣ намудани шаклҳои нави таълим, аз ҷумла таълими кредитӣ;
- ташкил намудани такмили ихтисос ва бозомӯзии кадрҳои омӯзгорӣ тибқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон;
- андешидани тадбирҳо барои ҷалби сарчашмаҳои иловагии молиявӣ бо мақсади амалигардонии фаъолияти оинномавӣ тибқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон;
- муқаррар намудани имтиёзҳои иловагӣ ба таълимгирандагони эҳтиёҷманд тибқи талаботи пешбининамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ва бо маводи зарурӣ таъмин кардани онҳо;
- тасдиқ намудани сохтор, ҷадвали вазифаҳо, музди меҳнат ва тақсими ӯҳдадориҳои вазифавии кормандони муассисаи худ;
- муқаррар намудани иловапулӣ ба маоши вазифавии омӯзгорони муассисаи худ мутобиқи талаботи санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон;
- таҳкими заминаи моддию техникии муассисаи худ ва мутобиқи талаботи меъёрӣ таъмин намудани он бо таҷҳизот ва ашёи таълимӣ;
- таҳия ва тасдиқи санадҳои меъёрии дигари танзимкунандаи раванди таълиму тарбия дар доираи ваколатҳои худ;
- амалӣ намудани намуди дигари фаъолият, ки оинномаи муассисаи таълимӣ пешбинӣ кардааст.
2. Муассисаҳои таълимии таҳсилоти миёнаи касбӣ барои иҷрои амалҳои зерин ӯҳдадоранд:
- дар ҳаҷми пурра татбиқ гардидани барномаҳои таълимӣ тибқи нақшаи таълимӣ ва ҷадвали раванди таълим, тақвияти касбияти таълимгирандагони худ;
- ҳифзи ҳаёт ва саломатии таълимгирандагон ва кормандони муассисаҳои таълимӣ дар раванди таълиму тарбия;
- риояи ҳуқуқ ва озодиҳои таълимгирандагон ва кормандони муассисаҳои таълимӣ;
- тарғиби тарзи ҳаёти солим дар байни таълимгирандагон, риоя намудани меъёрҳои санитарию гигиенӣ ва бехатарӣ;
- мусоидат ба фаъолияти омӯзгорон, дигар кормандон ва мақомоти худидоракунии муассисаҳои таълимӣ;
- масъул будан барои бақайдгирӣ, ҳифз ва нигоҳдории молу мулк, ашё ва таҷҳизоти таълимӣ;
- иҷрои ӯҳдадориҳои дигар, ки қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон муқаррар намудааст.
БОБИ 5. ФАЪОЛИЯТИ ИҚТИСОДӢ ДАР СОҲАИ ТАҲСИЛОТИ МИЁНАИ КАСБӢ
Моддаи 21. Маблағгузории фаъолияти муассисаҳои таълимии таҳсилоти миёнаи касбӣ
1. Маблағгузории фаъолияти муассисаҳои таълимии таҳсилоти миёнаи касбӣ, ки бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон таъсис дода шудаанд, аз ҷониби мақомоти ваколатдори давлатӣ дар соҳаи маориф, инчунин вазорату идораҳое, ки дар сохторашон чунин муассисаҳои таълимиро доранд, амалӣ карда мешавад.
2. Маблағгузории фаъолияти муассисаҳои таълимии таҳсилоти миёнаи касбӣ, ки бо қарори мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ таъсис дода шудаанд, аз ҷониби мақомоти мазкур амалӣ карда мешавад.
3. Фаъолияти муассисаҳои таълимии таҳсилоти миёнаи касбии ғайридавлатӣ аз ҷониби муассис (муассисон) мутобиқи шартномаи тарафайн маблағгузорӣ карда мешавад. Дар асоси шартномаи байни муассис (муассисон) ва муассисаҳои таълимии таҳсилоти миёнаи касбӣ ин фаъолият метавонад қисман ё пурра тавассути худмаблағгузорӣ амалӣ гардонида шавад.
4. Муассисаҳои таълимии таҳсилоти миёнаи касбӣ дар бонкҳо ва ташкилотҳои қарзии ғайрибонкӣ суратҳисобҳо кушода метавонанд.
5. Хизматрасонии молиявӣ ва амалиёти пулии муассисаҳои таълимии таҳсилоти миёнаи касбии давлатӣ, ки аз ҳисоби маблағи буҷети давлатӣ маблағгузорӣ карда мешаванд, тавассути мақомоти хазинадорӣ амалӣ мегарданд.
6. Фаъолияти муассисаҳои таълимии таҳсилоти миёнаи касбӣ инчунин аз ҳисоби дигар манбаъҳо, ки қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон манъ накардааст, маблағгузорӣ карда мешавад.
7. Фаъолияти пулакии муассисаҳои таълимии таҳсилоти миёнаи касбӣ дар сурате фаъолияти ғайритиҷоратӣ маҳсуб мешавад, ки даромадҳо аз чунин фаъолият танҳо барои иҷрои мақсадҳои оинномавӣ сарф карда шаванд.
Моддаи 22. Шартномаҳои муассисаҳои таълимӣ оид ба тайёр намудани кадрҳо
1. Муассисаҳои таълимӣ, ки дорои шаҳодатномаи аккредитатсияи давлатӣ мебошанд ва аз ҳисоби маблағҳои муассис (муассисон) маблағгузорӣ мешаванд, дар доираи фармоиши давлатӣ барои қабули таълимгирандагон метавонанд мутобиқи шартномаҳо бо мақомоти давлатӣ бо мақсади ҳамкорӣ дар тайёр намудани кадрҳои зинаи марбутаи таҳсилот бо тартиби муқаррарнамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон амал намоянд.
2. Муассисаҳои таълимӣ, ки дорои иҷозатнома доир ба пешбурди фаъолияти таълимӣ мебошанд ва аз ҳисоби маблағҳои муассис (муассисон) маблағгузорӣ мешаванд, илова ба фармоиши давлатӣ барои қабули таълимгирандагон, метавонанд омодагӣ ва бозомӯзии мутахассисони зинаи марбутаи таҳсилотро мутобиқи шартномаҳо бо шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ бо пардохти хароҷоти таълим бо тартиби муқаррарнамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон амалӣ намоянд.
3. Шартнома оид ба тайёр намудани кадрҳо байни муассисаҳои таълимии таҳсилоти миёнаи касбии аз аккредитатсия гузашта ва ташкилоти фармоишгари кадрҳо аз ҳисоби маблағи буҷети давлатӣ ва (ё) буҷети маҳаллӣ метавонад талаботи зеринро дар бар гирад:
- шумораи шахсоне, ки барои таҳсил қабул мешаванд, тартиби таҳсили онҳо ва тахассуси пешбинишуда;
- тахассус, ки онро ташкилоти фармоишгари кадрҳо фармудааст;
- иштироки ҷонибҳои манфиатдор дар таҳияи нақша ва барномаҳои таълимӣ;
- шароити пардохти музди меҳнати таълимгирандагон ҳангоми таълими истеҳсолӣ, аз ҷумла таҷрибаомӯзии истеҳсолӣ (касбӣ);
- интихоб ва маблағгузории иншоот барои гузаронидани таълими истеҳсолӣ;
- таъмини шароити мусоид ва бехатари меҳнат барои таълимгирандагон дар рафти таълими истеҳсолӣ;
- коромӯзии кормандони соҳаи омӯзгорӣ ва кадрҳои дигар дар ташкилотҳои фармоишгари кадрҳо;
- иштироки намояндагони ташкилоти фармоишгари кадрҳо дар аттестатсияи хатм;
- тақсимот ва бо ҷои кор таъмин намудани хатмкунандагон мувофиқи тахассус (касб);
- мӯҳлати фаъолияти меҳнатии хатмкунанда дар ташкилоти фармоишгари кадрҳо;
- идомаи таҳсили хатмкунанда дар муассисаҳое, ки гирифтани таҳсилоти олии касбиро аз рӯи тахассусҳои фармудаи ташкилоти фармоишгари кадрҳо таъмин менамояд.
4. Бастани шартнома бо шахсони то 18-сола ва қатъ намудани амали он бо розигии падару модар (шахсони онҳоро ивазкунанда) амалӣ мешавад.
5. Муассисаҳои таълимии таҳсилоти миёнаи касбии аз аккредитатсияи давлатӣ гузашта тибқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ба шаҳрвандон хизматрасонии иловагии пулакии таълимӣ пешниҳод менамоянд, ки тибқи барномаҳои таълимии марбута ва стандартҳои давлатии таҳсилот пешбинӣ нашуда, аммо дар оинномаи муассисаи таълимӣ дарҷ гардидаанд. Даромади аз ин намуди фаъолият бадастомада бо тартиби муқаррарнамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон истифода мегардад.
Моддаи 23. Ҳуқуқи молумулкӣ дар низоми таҳсилоти миёнаи касбӣ
Ҳуқуқи молумулкӣ дар низоми таҳсилоти миёнаи касбӣ тибқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон муқаррар карда мешавад.
БОБИ 6. МУҚАРРАРОТИ ХОТИМАВӢ
Моддаи 24. Ҳамкориҳои байналмилалӣ ва фаъолияти иқтисодии хориҷии муассисаҳои таълимии таҳсилоти миёнаи касбӣ
1. Муассисаҳои таълимии таҳсилоти миёнаи касбӣ ҳамкориҳои байналмилалии таълимӣ ва илмиро дар шаклҳои зерин амалӣ менамоянд:
- иштирок дар доираи барномаҳои байналмилалӣ, лоиҳаҳои рушд ва такмили таҳсилоти миёнаи касбӣ ва идоракунии он;
- иштирок дар доираи барномаҳои дуҷониба ва бисёрҷонибаи мубодилаи таълимгирандагон, кадрҳои омӯзгорӣ ва илмӣ, ки бо масъалаҳои таҳсилоти миёнаи касбӣ машғуланд;
- бо шарикони хориҷӣ ва ташкилотҳои байналмилалӣ гузаронидани таҳқиқотҳои илмӣ вобаста ба масъалаҳои таҳсилоти миёнаи касбӣ, ташкили анҷуманҳо, конфронсҳо, симпозиумҳо ва дигар чорабиниҳо, ки дар онҳо масъалаҳои таҳсилоти миёнаи касбӣ баррасӣ мегарданд;
- иштирок дар барномаҳои таҷрибаомӯзӣ ва коромӯзӣ барои кормандони соҳаи омӯзгорӣ дар хориҷа;
- бастани шартномаҳо оид ба ҳамкориҳо бо шахсони воқеӣ ва ҳуқуқии хориҷӣ;
- таъмини эътибори баробари ҳуҷҷатҳо доир ба таҳсилоти миёнаи касбӣ тибқи шартномаҳо оид ба ҳамкорӣ.
2. Маблағе, ки муассисаҳои таълимӣ аз фаъолияти иқтисодии хориҷӣ ба даст меоранд, барои рушди муассисаҳои таълимӣ, таҳкими заминаи моддию техникии онҳо ва ба таври иловагӣ пардохт намудани музди меҳнати кормандони муассисаҳои таълимӣ бо тартиби муқаррарнамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон сарф карда мешавад.
Моддаи 25. Ҷавобгарӣ барои риоя накардани талаботи Қонуни мазкур
Шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ барои риоя накардани талаботи Қонуни мазкур тибқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҷавобгарӣ кашида мешаванд.
Моддаи 26. Тартиби мавриди амал қарор додани Қонуни мазкур
Қонуни мазкур пас аз интишори расмӣ мавриди амал қарор дода шавад.
Президенти
Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ РАҲМОН
ш. Душанбе, 8 августи соли 2015, №1225
Қарори Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон
Оид ба қабул кардани Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи таҳсилоти миёнаи касбӣ»
Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор мекунад:
Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи таҳсилоти миёнаи касбӣ» қабул карда шавад.
Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси
Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Ш. ЗУҲУРОВ
ш. Душанбе, 20 майи соли 2015, № 87
Қарори Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон
Оид ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи таҳсилоти миёнаи касбӣ»
Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи таҳсилоти миёнаи касбӣ»-ро баррасӣ намуда, қарор мекунад:
Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи таҳсилоти миёнаи касбӣ» ҷонибдорӣ карда шавад.
Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси
Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон М. УБАЙДУЛЛОЕВ
ш. Душанбе, 21 июли соли 2015, № 89
Баёни ақида (0) Санаи нашр: 13.08.2015 №: 164 Мутолиа карданд: 2870