барқияҳо
БАРҚИЯИ ШОДБОШ БА МУҲАММАД НАВОЗ ШАРИФ
14 август Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба Сарвазири Ҷумҳурии Исломии Покистон Муҳаммад Навоз Шариф барқияи шодбош ирсол намуд, ки дар он омадааст:
“Ҷаноби Олӣ,
Ба муносибати фаро расидани солгарди ҷашни муборак – Рӯзи истиқлолияти Ҷумҳурии Исломии Покистон Ҷаноби Олӣ ва тамоми мардуми дӯсти кишварро самимона табрик ва таҳният менамоям.
Кишвари Покистон дар солҳои охир ба комёбиҳои зиёд дар ҳама арсаҳо дастёб шуда, дар равандҳои минтақавӣ ва ҷаҳонӣ ширкати фаъол дорад. Оғоз гаштани раванди дар Созмони Ҳамкориҳои Шанхай узвияти комил пайдо намудани Покистон шоҳиди возеҳи ин гуфтаҳост ва мо чун дӯстони ҳақиқӣ аз он қаноатманд ва хушнудем.
Пайвандҳои таърихии кишвару миллатҳои мо аз қаъри қарнҳои қадим маншаъ мегиранд, ки онҳо зербинои мустаҳками равобити муосири кишварҳои моро ташкил медиҳанд.
Бо камоли қаноатмандӣ изҳор медорам, ки дар солҳои ахир робитаву муносибатҳои анъанавии дӯстонаи мо дар ҳамаи арсаҳои мавриди таваҷҷуҳ сатҳ ва мазмуни баланд касб намуданд.
Итминони комил дорам, ки тавофуқоти дар сатҳи олӣ ҳосилгардидаи мо зимни сафарҳои Шумо ба Ҷумҳурии Тоҷикистон комилан амалӣ гардида, ҷавобгӯи ормонҳои мардумони мо мегарданд ва ба нафъи халқҳои мо, субот ва амнияти минтақаю ҷаҳон хидмат хоҳанд кард.
Ба Шумо, ҷаноби Сарвазир, сиҳатии комил ва баҳри шукуфоии кишвари дӯсти Покистон пирӯзиҳои нав ба нав, ба мардуми бародари он – пешрафт, саодат ва амну амонӣ орзумандам”.
Баёни ақида (0) Санаи нашр: 15.08.2015 №: 166 Мутолиа карданд: 5003