logo

барқияҳо

БАРҚИЯИ ШОДБОШ БА ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ КОРЕЯ

15 август Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба Президенти Ҷумҳурии Корея Пак Кин Хе барқияи шодбош ирсол намуд, ки дар он омадааст:
“Хонуми Олиҷоҳ,
Аз номи Ҳукумат ва мардуми Тоҷикистон ба Шумо, Хонуми Олиҷоҳ ва мардуми дӯсти Корея табрикоти самимӣ ва беҳтарин таманниётро ба муносибати солгарди Иди миллии кишваратон тақдим медорам.
Тоҷикистон Кореяро ҳамчун шарики муҳим ва дӯсти боэътимод медонад ва ба таҳкиму тавсеаи муносибатҳои дӯстона ва ҳамкории муфид бо кишвари Шумо аҳамияти хоса медиҳад. Аз ин рӯ, Тоҷикистон ба дурнамои муносибатҳои дӯстӣ ва ҳамкории гуногунарсаи ҳарду кишвари дӯст хушбин аст.
Мутмаинам, ки иҷрои аҳду паймонҳои ду ҷониб дар чаҳорчӯбаи сафари расмии имсолаи инҷониб ба кишвари зебоманзари Шумо ҳосилшуда муносибатҳои дӯстӣ ва ҳамкории муфиди моро ба сатҳи сифатан нав боло хоҳад бурд ва оғозгари марҳалаи навини рушду тавсеа хоҳад гашт. Ҷониби Тоҷикистон ба хотири татбиқи барномаҳои муштараки мо, таҳкими суботу амнияти минтақа ва рушди устувори он саъю кӯшиши заруриро дар ин самт дареғ нахоҳад дошт.
Ин рӯйдоди фараҳбахш ба ман имконияти хуберо фароҳам овардааст, то ба Шумо, Хонуми Олиҷоҳ, сиҳатии комил, саодату дастовардҳои навин ва ба мардуми дӯсти Корея сулҳу субот ва шукуфоӣ орзу намоям”.

 


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 18.08.2015    №: 167    Мутолиа карданд: 5099
31.01.2023


ДАВЛАТАЛӢ САИД ДАР ШАҲРИ КӮЛОБ

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ВАО: “Теъдоди қурбониёни ҳамлаи террористи маргталаб дар Пешовар ба 72 нафар расид”

Ҷаҳон дар як сатр

ТАҶЛИЛИ БОШУКӮҲИ САДА ДАР ХАТЛОН

НАМОЯНДАИ ШИРКАТИ CNPC ДАР ХАТЛОН

ХАТЛОН. БАРДОШТИ ИХТИСОСӢ АЗ ҶАЛАСАИ НАЗОРАТӢ

СОЗМОНИ ҲАМКОРИИ ИҚТИСОДӢ. ТОҶИКИСТОН ДАР ТАҲКИМИ ФАЪОЛИЯТИ СОЗМОН НАҚШИ МУАССИР ДОРАД

27.01.2023


БМТ. ПАЁМ САРМАШҚИ ФАЪОЛИЯТ ХОҲАД БУД

25.01.2023


Вохӯрии вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТАЪСИСИ АВВАЛИН МАРКАЗИ ҒИЗОИ МАКТАБӢ

МУЛОҚОТ БО САФИРИ ҚАЗОҚИСТОН

23.01.2023


Ҷаҳон дар як сатр

14 май дар Туркия интихоботи президентӣ баргузор мешавад

«САЪБА»

17.01.2023


САМАРАНОКИИ ФАЪОЛИЯТ ВА ШАФФОФИЯТ

Мулоқоти Имангали Тасмагамбетов бо Сергей Поспелов

Игор Черевченко – сармураббии “Истиқлол”

16.01.2023


БОЗИҲОИ ОЛИМПӢ-2024

13.01.2023


ШАМЪИ ХОТИРА

11.01.2023


Муроҷиатномаи Раиси шаҳри Душанбе ба сокинони пойтахт

Санаи муҳорибаи аввалини Нурулло дар UFC аниқ шуд

ХОРУҒ. ҶАЛАСАИ ҶАМЪБАСТИ ФАЪОЛИЯТИ СОЛОНА

10.01.2023


БА АЗНАВБАҚАЙДГИРИИ СИМКОРТҲО МУҲЛАТИ КАМ МОНД

ҲИСОР. ДАР АРАФАИ СОЛИ НАВ 217 СОКИНИ ШАҲР СОҲИБИ ЗАМИН ШУД

ДБССТ. ҲАМКОРИҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ВУ-СЪАТИ ТОЗА МЕГИРАНД

Пешниҳоди Александр Лукашенко

Ҷаҳон дар як сатр

ҶИУ-ҶИТСУ

Таҳкими ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТЕННИС

БОХТАР. ҒОЛИБОНИ ОЗМУНҲО ҚАДР ШУДАНД

ФАЙЗОБОД. ШАРҲУ ТАВЗЕҲИ ПАЁМ

09.01.2023


ХОРУҒ. БО ДАСТУРИ РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ ДАР МАҲАЛЛАИ ТИРЧИД КӮДАКИСТОН СОХТА МЕШАВАД

03.01.2023


«ВЗЛЁТ ПЕРЕД ЗАКАТОМ»


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед