logo

барқияҳо

БАРҚИЯИ ШОДБОШ БА САРВАЗИРИ ҶУМҲУРИИ ҲИНДУСТОН

15 август Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба Сарвазири Ҷумҳурии Ҳиндустон Нарендра Моди барқияи шодбош ирсол намуд, ки дар он омадааст:
“Ҷаноби Олӣ,
Хушҳолам табрику таҳнияти самимии хеш ва мардуми Тоҷикистонро ба муносибати ҷашни миллӣ – солгарди Рӯзи истиқлолият ба Ҷаноби Олӣ ва мардуми дӯсти Ҷумҳурии Ҳиндустон тақдим намоям.
Мо аз дастовардҳои назарраси кишвари Шумо дар тамоми арсаҳои муҳими зиндагӣ шодем. Оғоз гаштани раванди узвияти комил пайдо намудани Ҳиндустон дар Созмони ҳамкориҳои Шанхай як намунаи ҷадиди он аст.
Тақвияту густариши ҳамкориҳои гуногунҷабҳа бо Ҷумҳурии Ҳиндустон дар сархати фаъолиятҳои ҳадафмандонаи сиёсати хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор дорад.
Боиси хурсандист, ки ҳамкориҳои созанда ва шарикии Тоҷикистону Ҳиндустон дар бахшҳои мухталифи иқтисоду тиҷорат, маорифу фарҳанг ва соҳаҳои амниятиву низомӣ сол аз сол рушду тавсеаи беш аз пеш меёбанд.
Умедворам, ки иҷрои аҳду паймонҳои дар рафти сафари нахустини давлатии Шумо ба Тоҷикистон ҳосилшуда, бешубҳа, ба тавсеаю густариши ҳамкориҳои мо боис гашта, ҷавобгӯи манфиатҳои ҷонибайн ва тақвияти суботи минтақа хоҳад шуд. Мо аз ҷониби худ аз тамоми имкониятҳои мавҷуда дар ин самт истифодаи муассир ба амал хоҳем овард.
Бо ибрози орзуҳои беҳтарин, сиҳатии комил ва комёбиҳои рӯзафзун ба ҷаноби Сарвазир ва ба мардуми дӯсти Ҳиндустон хушрӯзӣ, пешрафт ва саодат таманно дорам”.

 


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 18.08.2015    №: 167    Мутолиа карданд: 5154
31.01.2023


ДАВЛАТАЛӢ САИД ДАР ШАҲРИ КӮЛОБ

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ВАО: “Теъдоди қурбониёни ҳамлаи террористи маргталаб дар Пешовар ба 72 нафар расид”

Ҷаҳон дар як сатр

ТАҶЛИЛИ БОШУКӮҲИ САДА ДАР ХАТЛОН

НАМОЯНДАИ ШИРКАТИ CNPC ДАР ХАТЛОН

ХАТЛОН. БАРДОШТИ ИХТИСОСӢ АЗ ҶАЛАСАИ НАЗОРАТӢ

СОЗМОНИ ҲАМКОРИИ ИҚТИСОДӢ. ТОҶИКИСТОН ДАР ТАҲКИМИ ФАЪОЛИЯТИ СОЗМОН НАҚШИ МУАССИР ДОРАД

27.01.2023


БМТ. ПАЁМ САРМАШҚИ ФАЪОЛИЯТ ХОҲАД БУД

25.01.2023


Вохӯрии вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТАЪСИСИ АВВАЛИН МАРКАЗИ ҒИЗОИ МАКТАБӢ

МУЛОҚОТ БО САФИРИ ҚАЗОҚИСТОН

23.01.2023


Ҷаҳон дар як сатр

14 май дар Туркия интихоботи президентӣ баргузор мешавад

«САЪБА»

17.01.2023


САМАРАНОКИИ ФАЪОЛИЯТ ВА ШАФФОФИЯТ

Мулоқоти Имангали Тасмагамбетов бо Сергей Поспелов

Игор Черевченко – сармураббии “Истиқлол”

16.01.2023


БОЗИҲОИ ОЛИМПӢ-2024

13.01.2023


ШАМЪИ ХОТИРА

11.01.2023


Муроҷиатномаи Раиси шаҳри Душанбе ба сокинони пойтахт

Санаи муҳорибаи аввалини Нурулло дар UFC аниқ шуд

ХОРУҒ. ҶАЛАСАИ ҶАМЪБАСТИ ФАЪОЛИЯТИ СОЛОНА

10.01.2023


БА АЗНАВБАҚАЙДГИРИИ СИМКОРТҲО МУҲЛАТИ КАМ МОНД

ҲИСОР. ДАР АРАФАИ СОЛИ НАВ 217 СОКИНИ ШАҲР СОҲИБИ ЗАМИН ШУД

ДБССТ. ҲАМКОРИҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ВУ-СЪАТИ ТОЗА МЕГИРАНД

Пешниҳоди Александр Лукашенко

Ҷаҳон дар як сатр

ҶИУ-ҶИТСУ

Таҳкими ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТЕННИС

БОХТАР. ҒОЛИБОНИ ОЗМУНҲО ҚАДР ШУДАНД

ФАЙЗОБОД. ШАРҲУ ТАВЗЕҲИ ПАЁМ

09.01.2023


ХОРУҒ. БО ДАСТУРИ РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ ДАР МАҲАЛЛАИ ТИРЧИД КӮДАКИСТОН СОХТА МЕШАВАД

03.01.2023


«ВЗЛЁТ ПЕРЕД ЗАКАТОМ»


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед