барқияҳо
БАРҚИЯИ ШОДБОШ БА МУҲАММАД АШРАФ ҒАНӢ
19 август Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба Раисҷумҳури Ҷумҳурии Исломии Афғонистон Муҳаммад Ашраф Ғанӣ барқияи шодбош ирсол намуд, ки дар он омадааст:
“Ҷалолатмаоб,
Боиси сарфарозист, ки Ҷалолатмаоб ва дар шахси Шумо мардуми Афғонистони ҳамҷаворро ба муносибати фаро расидани солгарди ҷашни фархундаи истирдоди истиқлол самимона табрик ва таҳният гӯям.
Тоҷикистон ва Афғонистон тӯли садсолаҳо ҳамчун ҳамсоягони нек ва кишварҳои дорои равобити дерини дӯстона ва пайвандҳои маҳкам зиндагӣ доштанд ва чунин хоҳанд монд. Мо ба ин суннати бузурги таърихӣ содиқем ва густаришу таҳкими равобит бо Афғонистонро аз самтҳои муҳим ва афзалиятноки сиёсати хориҷии кишвар медонем.
Мо аз раванди густариши равобит ва ҳамкории ду кишвари дӯст қаноатмандем. Бунёди сиёсиву ҳуқуқии равобит ва ҳамкории мо таҳким ёфта, соҳаҳои ҳамкорӣ тавсеаи бештар меёбанд. Мо бар онем, ки ҳар ду ҷониб пайгирона соҳаҳо ва роҳҳои нав ба нави ҳамкориҳои мутақобилан судмандро ҷустуҷӯ ва мавриди истифода қарор диҳанд. Тоҷикистон, аз ҷониби худ кӯшиш ба харҷ хоҳад дод, ки муносибатҳо ҳамеша дар сатҳи баланд ва ҷавобгӯи манофеи ҳар ду ҷониб бошанд.
Дар марҳилаи имрӯзаи ҳассос ва сарнавиштсози Афғонистон, мо мисли пешин хоҳони таъмини сулҳу субот ва амнияти пойдор дар ин кишвари бародар буда, дар симои он як сарзамини осудаву мутараққиро диданием ва барои ин мақсад ҳеҷ кӯшишеро дареғ нахоҳем дошт.
Орзуманди тансиҳатии комил, комёбиҳои бештару хушрӯзии Шумо, Ҷалолатмаоб, ва рифоҳу пешрафту саодат ва осудагии мардуми бародари Афғонистон ҳастам”.
Баёни ақида (0) Санаи нашр: 20.08.2015 №: 169 Мутолиа карданд: 5546