мулоқотҳо
ЭМОМАЛӢ РАҲМОН НИКОЛАЙ БОРДЮЖАРО БА ҲУЗУР ПАЗИРУФТ
18-уми август Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон Дабири кулли Созмони Аҳдномаи Амнияти Дастаҷамъӣ (СААД) Николай Бордюжаро ба ҳузур пазируфт.
Дар мулоқот масоили марбут ба раёсати Тоҷикистон дар Созмони Аҳдномаи Амнияти Дастаҷамъӣ, омодагӣ ба ҳамоиши навбатии сарони давлатҳои аъзои ин созмон, ки моҳи сентябри соли равон дар шаҳри Душанбе баргузор мегардад ва дигар мавзӯъҳои мавриди таваҷҷуҳ баррасӣ шуд.
Николай Бордюжа ба муҳтаво ва ҷараёни раёсати Тоҷикистон дар СААД баҳои баланд дода, аз ҷумла, изҳори боварӣ намуд, ки ҳамоиши навбатии сарони давлатҳои аъзои созмони мазкур дар шаҳри Душанбе натиҷаҳои умедбахш хоҳад дод.
Гуфтугӯи судманд доир ба рафти иҷрои қарори сарони давлатҳои аъзои СААД аз 23 сентябри соли 2013 доир ба расондани кумаки фаврӣ ба Тоҷикистон барои пурзӯр намудани ҳифзи сарҳади давлатӣ бо Афғонистон сурат гирифт.
Ҳамчунин, доир ба авзои кунунӣ ва ояндаи Афғонистон ва дигар минтақаҳои доғи ҷаҳон, тақвияти муборизаи муштарак бо густариши терроризму ифротгароӣ ва дигар таҳдиду хатарҳои минтақавию ҷаҳонӣ табодули назар карда шуд.
Изҳори бовар карда шуд, ки тадбирҳои тарҳрезишудаи муштараки кишварҳои аъзои Созмони Аҳдномаи Амнияти Дастаҷамъӣ ҷиҳати ҳифзи фазои эътидолу субот дар минтақа нақши муассиру судбахш хоҳад гузошт.
Баёни ақида (0) Санаи нашр: 20.08.2015 №: 169 Мутолиа карданд: 1202