маориф
26 аспирант
хориҷ карда шуд
Нуриддин Саидов, ректори Донишгоҳи миллии Тоҷикистон, зимни нишасти матбуотӣ гуфт, ки 339 нафар донишҷӯ бо усули таҳсилоти кредитӣ санҷишу имтиҳонҳоро супурд ва дар маҷмӯъ натиҷагирии фаъолияти таълимии онҳо қаноатбахш мебошад.
Дар ин давра 3 шумораи маҷаллаи илмии «Паёми Донишгоҳи миллии Тоҷикистон» аз чоп баромад. Сектори хурди полиграфӣ бо матбааи байнидонишгоҳӣ муттаҳид ва матбааи замонавии донишгоҳ таъсис ёфт.
25 нафар устоду корманди донишгоҳ ба Русия, Қазоқистон, Туркманистон, Арманистон ва Эрон сафари хидматӣ дошт ва дар тадқиқотҳои муштараку симпозиуму конфронсҳо ширкат варзид ва баромад кард. Инчунин 3 нафар устоди донишгоҳ дар Русия рисолаҳои докторӣ ва номзадӣ ҳимоя намуд.
Дар донишгоҳ 275 нафар шаҳрванди хориҷӣ таҳсил дорад. Имсол муассисаи таълимиро 3100 нафар донишҷӯ аз рӯи 56 ихтисос хатм мекунад.
Вобаста ба пурсиши рӯзноманигорон ректор посух гуфт, ки аз рӯи нақша имсол барои қабул 2806 ҷой (1000 буҷетӣ ва 1806 шартномавӣ) ҷудо гардидааст ва он ҳатман риоя мешавад. Яъне камбудии соли гузашта, ки 811 нафар зиёд донишҷӯ қабул карданд, такрор намеёбад.
151 аспирант аз аттестатсия гузашт ва 26 нафар бинобар иҷро накардани нақшаҳои инфиродӣ аз аспирантура хориҷ шуд. Аз моҳи сентябри соли равон идрорпулии аспирантон ба 350 сомонӣ мерасад.
А. РАҲИМ, «Ҷумҳурият»
Баёни ақида (0) Санаи нашр: №: Мутолиа карданд: 6184