мулоқотҳо
МУЛОҚОТИ ЭМОМАЛӢ РАҲМОН БО ЛЛОЙД ОСТИН III
27 август Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон Фармондеҳи фармондеҳии марказии Иёлоти Муттаҳидаи Амрико (ИМА) генерал Ллойд Остин III – ро ба ҳузур пазируфт.
Дар мулоқот масоили ҳамкории гуногунҷанбаи Тоҷикистону Амрико, пеш аз ҳама, дар соҳаҳои мудофиа ва амнияти минтақавӣ баррасӣ шуд.
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар оғози суҳбат, аз ҷумла, изҳор дошт: “Имрӯз рӯзномаи дуҷонибаи байнидавлатии Тоҷикистону Амрико масъалаҳои гуногунро фаро мегирад, вале дар миёни онҳо мавзӯъҳои гуногуни марбут ба таъмини сулҳу субот дар минтақаи мо ҷойгоҳи хоса доранд, зеро онҳо дорои иртиботи қавӣ бо вазъи Афғонистон мебошанд”.
Ллойд Остин III ба саҳми Тоҷикистон дар таъмини амну субот дар минтақаи Осиёи Марказӣ ва мусоидати он ба неруҳои байналмилалии посдори сулҳ дар Афғонистон баҳои баланд дода, аз номи роҳбарияти кишвари Амрико ба Сарвари давлат ва мардуми Тоҷикистон арзи сипос намуд.
Таъкид гардид, ки Тоҷикистон бо мавқеи калидии худ дар минтақа ва марзи тӯлонияш бо Афғонистон дар саргаҳи пешгирӣ аз доман паҳн намудани терроризму ифротгароӣ, гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир ва дигар хатарҳои ҷиддӣ қарор дорад.
Фармондеҳи фармондеҳии марказии ИМА бори дигар мавқеи устувори Амрикоро дар роҳи дастгирии пайваста аз ҷаҳду талоши Тоҷикистон барои ҳифз ва таҳкими суботи иҷтимоию сиёсӣ, таъмини рушди иқтисодӣ ва густариши ҳамкории босамари минтақавӣ дар Осиёи Марказӣ таъкид дошт.
Дар мулоқот, ҳамчунин, ҳолати кунунӣ ва дурнамои авзоъ дар минтақаҳои доғи Ховари Миёна, андешидани чораҳои муштараки пешгирикунанда аз таҳдиду хатарҳои ҷаҳони муосир ва дигар мавзӯъҳо мавриди гуфтугӯ қарор гирифт.
Баёни ақида (0) Санаи нашр: 28.08.2015 №: 175 Мутолиа карданд: 1215