ҳукумат
ИТТИЛОИЯ
27 август таҳти раёсати Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси Ҳукумати кишвар Эмомалӣ Раҳмон маҷлиси навбатии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор шуд.
Дар маҷлиси Ҳукумат нахуст масъалаи кадрҳо баррасӣ гардид.
Бо қарорҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон муовинони раиси ШСХК “Барқи Тоҷик” – Исҳоқӣ Даврон Давлаталӣ, Лашкарбекова Елена Анатолевна ва Амонулло Саъдуллоев аз вазифа озод карда шуданд.
Тавре зикр гардид, ҳамчунин, 50 дарсади кормандони дастгоҳи марказии ШСХК «Барқи Тоҷик» ихтисор шудаанд.
Исмоилов Мирзо Ибрагимович, ки ба вазифаи раиси ШСХК “Барқи Тоҷик” таъйин гардид, ба аъзои Ҳукумат муаррифӣ карда шуд.
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон аз фаъолияти иқтисодию молиявии ШСХК «Барқи Тоҷик» шадидан изҳори нигаронӣ карда, аз роҳбарияти нави ширкат талаб намуд, ки сиёсати кадрӣ, пулию молӣ ва фурӯши барқро ба низом дароранд.
Сафарзода Зафар сардори Раёсати кор бо мақомоти идоракунии маҳаллии Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон таъйин гардид.
Туйчизода Равшан муовини якуми директори генералии Корхонаи давлатии “Хоҷагии манзилию коммуналӣ” ва Холдоров Олимҷон Ортиқович директори Корхонаи воҳиди давлатии “Пажӯҳишгоҳи илмӣ - тадқиқотӣ ва лоиҳакашию кофтуковӣ таъйин гардиданд.
Одинаева Бунафша Фатоевна аз вазифаи муовини вазири фарҳанг озод карда шуд ва аъзои нави ҳайати мушовараи Вазорати корҳои хориҷӣ тасдиқ гардид.
Инчунин, лоиҳаи як зумра қонунҳо доир ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба як қатор қонунҳои амалкунанда, аз ҷумла ба Қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи таъмини нафақаи хизматчиёни ҳарбӣ”, “Дар бораи суғуртаи пасандозҳои шахсони воқеӣ”, “Дар бораи истифодаи манбаҳои барқароршавандаи энергия”, маъқул дониста шуда, ба баррасии Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод карда шуданд.
Ба баррасии Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ҳамчунин чанд хулосаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба лоиҳаи қонунҳо, ки маъқул дониста шуданд, аз ҷумла ба лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи муроҷиатҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ”, пешниҳод гардид.
Лоиҳаи Созишнома оид ба идома додани кори Маркази байналмилалии илмию техникӣ ва Созишномаи сармоягузорӣ байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷамъияти дорои масъулияташ маҳдуди “Ширкати байналмилалии истеҳсолии Чжунгтсай Моҳир семент” оид ба сохтмон ва ба истифода додани корхонаҳои истеҳсолии семент, гачкартон ва халта дар ноҳияи Ёвони вилояти Хатлон тасдиқ карда шуд.
Нақшаи амали Стратегияи миллии фаъолгардонии нақши занон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2015 - 2020, Тартиби пешбурди феҳристи ягонаи адвокатҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон, Тартиби пешбурди феҳристи махсуси адвокатҳои давлатҳои хориҷӣ, ки дар Ҷумҳурии Тоҷикистон фаъолияти адвокатиро амалӣ менамоянд ва Тартиби пешбурди феҳристи ягонаи ташкилоти адвокатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Тартиби ташкил ва пешбурди Феҳристи ҷумҳуриявии аудиторҳои экологӣ ва ташкилоти аудитории экологӣ тасдиқ карда шуд.
Нақшаи генералии маркази ноҳияи Муъминободи вилояти Хатлон низ тасдиқ гардид.
Дар фароварди маҷлис ба масъулон доир ба андешидани чораҳои зиддибуҳронӣ ва афзун намудани истеҳсоли маҳсулоти ватании воридот- ивазкунанда, сарфаву сариштакорона истифода бурдани маблағҳои буҷетӣ ва омодагии ҷиддӣ ба оғози соли нави таҳсил ва истиқболи шоиста аз ҷашни Истиқлолияти давлатии Тоҷикистон супоришҳои мушаххас дода шуд.
Баёни ақида (0) Санаи нашр: 29.08.2015 №: 176 Мутолиа карданд: 13089